ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳамкории Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд бо ширкатҳои нақлиётӣ

2024-02-01 12:47:19

Сардори Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд бо роҳбарон, мутахассисон ва ронандагони ҶДММ “Аэлита”, ҶДММ “Ронанда-1”, ҶДММ “Муҳаммад Транс компания” ва ҶДММ “Бобо Улмас” ҷаласаи корӣ анҷом дод. Дар ин вохуриҳо, масъалаи ҷори намудани либоси махсуси ронандагӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар, рақамикунонии роҳхату борхат ва коркарди он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар доираи машварати корӣ масъалаи ташкили фаъолияти мунтазами воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар дар давраи зимистон, хусусан тибқи ҷадвал ва нақшаи тасдиқгардида ба роҳ мондани ҳаракати воситахои нақлиёти мусофирбар низ  муҳокима гардида, ҷиҳати иҷроиши он қарорҳои дахлдор қабул гардид.