ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дар Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистики” ҷаласа таҳти унвонӣ «Ҳомиёни Ватан» баргузор гардид

2024-02-23 06:34:12

Бахшида ба 31- солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” маҷлис таҳти унвонӣ «Ҳомиёни Ватан»  баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад роҳбарияти муассиса ба иштирокдорон аз таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Артиши миллӣ ситоди боэътимоди давлату миллат буда, афсарону сарбозони содиқро барои ҳифзи марзу буми Ватан тарбия менамояд. Дар идома, аз ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ сухан гуфта, таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб ёфта, кафили сулҳу субот, волоияти қонун ва дар маҷмуъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад.