ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

БА ДИҚҚАТИ РОНАНДАГОН! Тартиби убури сарҳади Русия ва Беларус тағйир ёфт

2024-03-04 10:13:14

Шуруъ аз 8 январи соли 2024  тартиби убури сарҳади давлатии Русия ва Беларус аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои сеюм тағйир ёфт. Тибқи номаи Вазорати корҳои хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия иттилоъ медиҳем, ки убури сарҳади Беларус ва Русия (дар ҳарду самт) акнун танҳо аз ҷониби ронандагони байналмилалӣ, ки шаҳрвандони Русия ё Беларус мебошанд, имконпазир аст. Ронандагоне, ки ба ҳамлу нақдли байналмилалӣ машғуланд ва шаҳрвандони кишварҳои сеюм мебошанд, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллии Федератсияи Русия метавонанд ба Русия тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи бисёрҷониба (дуҷониба), ки барои алоқаи байналмилалӣ боз шудаанд, ворид шаванд ва аз Русия хориҷ шаванд. Ин талабот ба ҳамлу нақли бор низ дахл дорад. Гузашти воситаҳои нақлиёти боркаш, ки интиқоли байналмилалии борҳоро амалӣ менамоянд ва ронандагонашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, танҳо тавассути нуқтаи назоратии статсионарии «Лобок», ки дар қитъаи роҳи автомобилгарди «Езерище-Невель» (Роҳи автомобилии «М20 Киев – Санкт-Петербург») ҷойгир аст,  иҷозат дода мешавад.
                                                                                                                                                                       Манбаъ:
www.mintrans.tj