ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳамкориҳо вусъат меёбад

2024-03-14 04:31:29

Дар доираи  Нақша – чорабиниҳои Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” оид ба баргузории вохӯриҳо бо намояндагони ҷамъиятҳои мусофирбари шаҳри Душанбе, сардори Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муассиса Акрамӣ Саидусмон Саидислом бо кормандони ККВД “Автобус 2”, ҶДММ “Корпоратсияи мусофирбар” ва ҶДММ “Сомон сайр таксӣ” мулоқот анҷом дод. Дар меҳвари мулоқот таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошт. Дар вохўрӣ инчунин ба масъалаҳои раванди  риоя ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати экологии ронандагон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Зимни вохӯрӣ аз ҷониби директори ККВД “Автобус 2” Аҳмадзода Саид қайд гардид, ки рафти дарсҳои 20 соата барои кам гардидани садамаҳои нақлиётӣ ва риояи қоидаҳои ҳаракат мусоидат намуда, қонунвайронкуниҳо аз ҷониби ронандагони ККВД “Автобус 2” коҳиш ёфтааст.