ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Баланд бардоштани малакаи касбии кормандон

2024-03-14 05:09:42

Кормандони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Ғуломзода Камол Ҳикмат ва  Акрамӣ Саидусомон Саидислом аз ҷониби Донишкадаи шоҳигарии логистикӣ ва нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ бо сертификат оид ба эътироф гардидан ҳамчун тренер дар сатҳи байналмиллалӣ қадрдонӣ шуданд. Ёдовар мешавем, ки  аз 13 то 15 декабри соли 2023 дар доираи нақша чорабиниҳои муштараки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ЮСАИД оид ба савдо дар Осиёи Марказӣ бо кӯмаки Донишкадаи шоҳигарии логистикӣ ва нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ 7 нафар мутахассиси соҳаи нақлиёт ва логистика аз рӯи барномаи омӯзиши тренер ба дарсҳои бозомўзи ҷалб шуда буданд.