ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

НАВРӮЗ-РАМЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА МАЪНАВИИ ТОҶИКОН

2024-03-20 12:27:25

Имрӯз, 20 март  дар  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ гузаронида шуд. Дар мусобиқаи байтбарак миёни кормандони Дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаю корхонаҳои тобеи он Қодирова Гулҷабин мутахассис-менеҷери Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” сазовори ҷои аввал гардид. Қурбонов Мирато сармутахассиси шўъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор аз рўи бозии шашкӣ дар ин чорабинӣ ҷои сеюмро  касб намуд. Кормандони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар мусобиқаи бандкашӣ низ фаъолияти назаррас дошта, дар рақобат бо дигар муассисаву раёсат ва идораҳои вазорати нақлиёт ҷои дуюмро соҳиб шуданд.