ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ХИЗМАТРАСОНӢ

2024-03-21 03:56:32

Дар доираи  Нақша – чорабиниҳои Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” оид ба  вохӯриҳо бо намояндагони ҷамъиятҳои мусофирбарӣ муовини аввали муассиса Пиров Ҷаҳонгир бо роҳбарон ва кормандони ҶДММ “Рӯзафзун”-и шаҳри Ваҳдат ва ҶДММ “Терминали Хайриён” вохурӣ анҷом дод. Дар мулоқот  оид ба  тартиби хизматрасониҳо хусусан ба мусофирони имтиёздор, риояи ҳатмии одоби муошират ва истифодаи варақаи роҳхати мусофирбарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.