ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кафолати зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар мебошад

2024-04-24 09:57:13

Тавре ба ҳамагон маълум аст, 9-уми марти соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд. Дар  мулоқот Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
19-уми апрели соли 
ҷорӣ дар Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонӣ логистикӣ” дар шаҳри Бохтар доир ба шарҳи нуктаҳои суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарият, кормандони шўъбаву идораҳои раёсат ва намояндагони ҷамъиятҳои нақлиётӣ ҷамъомад доир гардид. Дар ин вохўрӣ масъулин аз афзалиятҳои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки риояи талаботҳои он кафолати зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар мебошад. Дар ҳамоиш, инчунин, миёни иштирокчиён оид ба мавзўъҳои ватандўстию хештаншиносӣ, пешгир аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ва риояи ҳатмии қонунҳои кишвар табодули назар сурат гирифт.