Муҳокимаи масъалаи долонҳои нақлиётӣ дар Ашқобод
2022-08-02 06:38:07
Рӯзҳои 18-20 июли соли 2022, дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Долонҳои байналмилалии нақлиётӣ - транзитӣ, ҳамбастагӣ ва рушд” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёт – Саидмуродзода Шоиста иштирок намуданд.
Мақсади асосии Конфронси байналмилалӣ муҳокимаи масъалаҳои рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиёт (автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ), транзит, соддагардонии раванди ҳамлу нақл ва транзит, андешидани чораҳо ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ, андешидани чораҳо дар давраи пас аз пандемия ва ғайраҳоро дарбар мегирифт. Бо ин мақсад, санаи 20 июл, иштирокчиёни чорабинӣ аз бандари “Туркменбошӣ” дидан намуданд.
Дар кори Конфронс муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидмуродзода Ш. вобаста ба масъалаҳои таъмини пайвасти шабакаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, соддагардонии раванди ҳамлу нақл ва гузариши транзит, таъмини ҳамбастагӣ дар самти рушди логистика баромад намуд. Инчунин, бо назардошти мушкилиҳо дар давраи пандемия, андешидани тадбирҳои заруриро барои татбиқи амалии низоми рақамикунонӣ дар соҳа, аз ҷумла истифодабарии e-CMR ва рухсатномаҳои электронӣ дар минтақа пешниҳод намуд.
Ҳамзамон дар доираи Конфронси байналмилалӣ, ҷаласаи якуми Гуруҳи кории Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вобаста ба долонҳои “Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон - Туркия” ва “Қирғизистон – Ӯзбекистон – Туркманистон - Эрон” баргузор гардид, ки коршиносони кишварҳои аъзо масъалаҳои марбут ба ташкили долонҳои болозикрро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, протоколи дахлдор ба тасвиб расид.
Маълумот аз ВНҶТ