ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Мулоқоти видоӣ бо сафири Россия

2022-08-02 09:13:05

          Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим 20-уми июли соли равон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор, ки муҳлати фаъолияташ анҷом ёфт, мулоқот доир намуд. 

           Вазир аз ҳамкориҳо бо ин давлат изҳори қаноатмандӣ намуда қайд, кард, ки мо бо Федератсияи Россия ҳамкориҳои хеле зичу пайваста дорем ва аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёту роҳ низ лоиҳаҳои зиёдеро анҷом додаем.

          Ҳамкориҳо беш аз пеш миёни ин ду кишвар боз ҳам қавитару фаррохтар мегарданд. Чунончӣ, рӯзҳои наздик аз санаи 30 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбарии байналмилалӣ дар хатсайри “Душанбе-Волгоград-Душанбе” ва “Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд” аз 7 сентябри соли 2022 ба роҳ монда мешавад. Мутмаинем, ки аз ин ба баъд низ ҳамкориҳоро дар ин соҳа вусъат хоҳем дод.                               

        Сафир низ аз пазироии гарми вазир изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки дар тӯли фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми накӯ ва меҳмондӯсти тоҷик аз наздиктар ошно шуда, ҳамкории густардаро дар ҳама самтҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, дар маҷмааи нақлиёт, хуб эҳсос мекардам. Умед дорам, ки минбад низ ин ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Россия боз бештар  хоҳанд шуд ва барои мардуми шарифи Тоҷикистон зиндагии хубу осоишта ва шукуфоиро таманно дорам. 


                                                                                                                                  Маълумот аз ВНҶТ