ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Пули бузург аз болои дарёи Вахш сохта мешавад

2022-08-03 06:28:22

         Рӯзи 25-уми июли соли равон  Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати "Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture"-и Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ вохӯри намуд. Дар вохӯрӣ масъалаи омода намудани тарҳи пули  760 метра, ки  дар доираи татбиқи Лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун –Обигарм-Нуробод, ки  аз болои дарёи Вахш сохта мешавад мавриди муҳокима қарор гирифта оид ба он қарордод ба имзо расонда шуд.

          Дар мулоқот қайд гардид, ки сохтмони пул бо равишҳо пешниҳоди молиявӣ барои интихоби кушодашавии хизматрасонии машваратӣ оид ба омӯзиши вариантҳо, асоснокунии  техникӣ-иқтисодӣ, тарҳрезии пешакӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ оид ба тарҳрезӣ ва иҷрои қарордод дар асоси тарҳрезӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ муайян шудааст.

         Ёдовар мешавем, ки таҷдид ва азнавсозии роҳи Роғун-Обигарм - Нуробод ба маблағи 123 498 586,95 доллари ИМА оғоз гардида, татбиқи лоиҳа 31-уми январи соли 2020 оғоз гардид ва анҷоми он 31-уми декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст.

         Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр (км 0+00 то километри 30+ 217 км) роҳи асосии Обигарм-Тагикамар – иборат мебошад.Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак -1,6 километр, Қарағоч 1,7 километр, сохтмони 6 пули нав, таҷдиди 1 пули мавҷудбуда ва 1 пули муваққатӣ ташкил медиҳад.
  
                                                                                                                                         Маълумот аз ВНҶТ