Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 16 сентябр дар Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳамкории инфрасохторӣ (Global Infrastructure Cooperation Conference, GICC-2025) дар пойтахти Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ кард.
Конфронси GICC, ки аз ҷониби Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёт (MOLIT) ва Ассотсиатсияи байналмилалии сохтмончиён (ICAK) - и Ҷумҳурии Корея ташкил карда шудааст, аз 16 то 18 сентябри соли ҷорӣ дар Меҳмонхонаи Westin Seoul Parnas Hotel дар Сеул баргузор мешавад.
Ҳадафи GICC ба ҳам овардани намояндагони муассисаҳои давлатии хориҷӣ ва соҳибони асосии лоиҳаҳо барои ҳавасмандгардонии мубодила ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои Корея дар бахши инфрасохторӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш ҳизиринро Роҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии сохтмончиёни Корея, муовини Вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Корея, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Перу ва Вазири инфрасохтори миллии Ҷумҳурии Маврикий шодбош гуфтанд.
Дар мулоқоти бисёрҷонибаи сатҳи баланд, ки дар қолаби таҳлилу баррасӣ ва табодули таҷриба баргузор шуд, вазирон, муовинони вазирон ва дигар шахсони баландпоя аз ҷумҳуриҳои Корея, Перу, Тоҷикистон, Украина, Танзания, Коста-Рика, Маврикий, Шоҳигарии Муттаҳидаи Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ суханронӣ карданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронии худ дар бораи дастовардҳои кишвар дар соҳаи инфрасохтор ва нақлиёт ёдовар шуда, тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва нақлиётӣ бо Ҷумҳурии Корея ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи Вазир, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Корея имсол омодасозии пешниҳоди пеш аз лоиҳа оид ба асосноккунии техникию иқтисодӣ (АТИ) - и сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Ҳоло Вазорати нақлиёти ҶТ бо Бонки содиротию воридотии Корея (KEXIM) ва Фонди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Корея (EDCF) барои оғози лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии ин иншоот фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки яке аз лоиҳаҳои дигаре, ки дар соҳаи нақлиёт дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ амалӣ гардидааст, асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони роҳи оҳани нави «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи поён» мебошад, ки аҳамияти минтақавӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, барои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо муассисаҳои дахлдори Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла KEXIM, Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва Роҳи оҳани миллии Корея (Korea National Railway) ҳамкории зич ва мутақобилан судманд ба роҳ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки аз замони оғози фаъолияти худ соли 2013, GICC ҳамчун майдони маъруф ва бонуфузи ҷаҳонӣ барои мусоидат ба мубодила ва ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои хориҷӣ, соҳибони лоиҳаҳои калон ва ширкатҳои Корея дар бахши инфрасохтор хизмат мекунад. Дар тӯли ин солҳо, Конфронс мансабдорони баландпояро тақрибан аз 90 кишвар ҷалб намуда, барои барқарор намудани иртибот, машварат оид ба лоиҳаҳо ва муҳокимаи самтҳои амалии ҳамкорӣ имконият фароҳам овардааст.
Имсол дар Конфронси ҷаҳонии GICC беш аз аз 200 нафар шахсони баландпоя аз Корея, Перу, Маврикий, Тоҷикистон, Танзания, Коста-Рика, Украина, Миср, Ироқ, Арабистони Саудӣ, АМА, Марокаш, Панама, Гондурас, Кот-д’Ивуар, Кения, Гана, Руанда, Непал, Лаос, Муғулистон, Бангладеш, Ветнам, Ҳиндустон, Чин, Филиппин, ИМА, Австралия, Шоҳигарии Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ, Лаҳистон ва Фаронса ширкат меварзанд.
Бознашр аз сомонаи
www.mintrans.tj