Семинари омўзишӣ намояндагони беш аз 10 кишвари ҷаҳонро боҳам овард.
2025-09-29 10:27:03
| Диданд: 311
Аз 12 то 23-юми
сентябр дар шаҳри Кунмини
Ҷумҳурии Мардумии Чин Семинари
омӯзишӣ дар
мавзӯи «Рушди роҳбарӣ
дар нақлиёти устувори
ҷаҳонӣ» баргузор
гардид. Давраи омӯзишӣ
дар доираи Лоиҳаи глобалӣ
оид ба мубодилаи
фарҳанги нақлиёти устувор
II, 2025 (Global Sustainable Transport Cultural Exchange Project II, 2025), бо
ибтикори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии
Чин, дастгирии
Маркази
инноватсия
ва дониши нақлиёти устувори
глобалӣ
(GSTIKC) ва
ширкати
сармоягузорӣ
ва сохтмони
нақлиётӣ Юннан ба роҳ монда шуд.
Дар семинар
намояндагони 12 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Гвинеяи
Экваторӣ,
Қазоқистон, Тоҷикистон, Мадагаскар,
Малӣ,
Мянмар, Непал, Сербия, Сомалӣ,
Шри-Ланка, Венесуэла
ва Ветнам иштирок
намуданд. Барномаҳои семинар фарогири мавзӯъҳои рушди нақлиёти устувор, почта, нақлиёти обӣ, роҳи оҳан, тарроҳии туннелҳо, авиатсияи шаҳрвандӣ, системаҳои навигатсияи
спутникӣ
(BeiDou) ва
моделсозии
калон (macro
modeling) дар
нақлиёти зеҳнӣ буда аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба ба
роҳ монда шуд.
Дар давраи семинари омўзишӣ иштирокдорон барои шиносӣ аз роҳҳои деҳотии «Чаҳор Роҳи Нақши Хуб», Коллеҷи касбии нақлиёти Юннан, бандарчаи
деҳаи Чжанмей, роҳи сабзи Дианчӣ ва соҳили шимолии
кӯли Дианчӣ, Маркази
ҳамгирошудаи
интиқоли нақлиёти шаҳри Кунмин (Стансияи
роҳи Вуъи ва Стансияи
метрои Вуъи), Осорхонаи
вилоятии
Юннан, Боғи саноатии
зеҳнии Yunjiaoke (Тунели зеҳнӣ,
корхонаи
худсанҷии истеҳсоли интеллектуалӣ,
нуқтаи пардохти
роҳҳои Luhong, истгоҳи пуркунии
барқӣ),
Маркази
ҳамгироии
рақамӣ
ва воқеӣ,
Платформаи
визуализатсияи
BIM ва Маркази
тарҳрезии нақлиёти Юннан дидан намуданд.
Кобили қайд аст,
ки дар семинари
омўзишӣ ҷониби Тоҷикистонро муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Ҷаҳонгир Пиров намояндагӣ намуда, мавсуф
барои иштироки фаъолна бо
сертификати
Лоиҳаи глобалӣ
оид ба мубодилаи
фарҳанги нақлиёти устувор
II, 2025 сарфароз
гардонида
шуд.