ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Маҳфили нахустин солгарди маҷаллаи илмӣ-оммавии “Роҳ ва нақлиёт”

2025-10-04 15:38:58 | Диданд: 240

Санаи 03-юми октябри соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили нахустин солгарди маҷаллаи илмӣ-оммавии «Роҳ ва нақлиёт» баргузор гардид. Дар маҳфил вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, намояндагони дигар вазорату идораҳо, олимони соҳа, номзадҳои соҳаи роҳу нақлиёт иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим баромад карда, иштирокчиёнро ба маҳфил хайрамақдам гуфт. Дар идома мавсуф иброз дошт, ки ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукуматамон дар соҳаи роҳ ва нақлиёт ва пешниҳоду тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” маҷаллаи “Роҳ ва нақлиёт”-ро таъсис доданд, ки иқдоми хеле саривақтӣ ва муҳими соҳа ба шумор рафта, имрӯз аз нашри нахустин шумораи он як сол сипарӣ мешавад. Таъсис ва нашри чунин як маҷаллаи илмӣ-оммавӣ дар кишварамон таҷрибаи нав аст ва метавон гуфт, ки дар ҳаёти иҷтимоиву илмии кишварамон рӯйдоди муҳим ба шумор меравад. Дар идома таъкид гардид, ки ҷои хушӣ ва ифтихори муассисон, ҳайати мушовара, ҳайати таҳрир ва тамоми кормандони Вазорати нақлиёт аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсисёбӣ ва нашри шумораи нахустини маҷаллаи “Роҳ ва нақлиёт”-ро бо паёми табрикотиашон шодбош гуфта, ба ҳайати кормандони маҷалла барору комгорӣ таманно карданд. Пешвои муаззами миллат дар паёми мазкурашон, аз ҷумла изҳор карданд, ки: “Мо дар кишварамон на танҳо сулҳу ваҳдати миллиро устувор сохтем, балки тавассути роҳҳо ва нақбу пулҳо монеаҳои ҷуғрофиро бартараф намуда, бо пайванд намудани минтақаҳои алоҳидаи кишвар Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид табдил додем. Роҳҳо воқеан пайвандгари қалбҳои мардуми тамоми минтақаҳои мамлакатамон гардиданд”. Ҳамчунин, иброз шуд, ки муддати як сол барои шакл гирифтан ва симои худро барои илми соҳа шиносо кардани маҷалла вақти чандон зиёд нест, аммо ҳайати мушовирон ва эҷодии маҷалла тавонистанд дар ин муддати кӯтоҳ ҳам симои маҷалларо барои илми соҳаи роҳ ва нақлиёт, инчунин, барои кормандони соҳа муаррифӣ намоянд. Маҷаллаи мазкур минбари илм ва эҷоду навовариҳои олимони соҳаи роҳу нақлиёт ба шумор рафта, онҳоро водор месозад, ки ҳарчи бештар маводу мақолаҳои илмии худро барои чоп пешниҳод намоянд. Дар идомаи маҳфил, дигар иштирокчиён низ баромадҳо карда, дар фазои матбуот ва илму маърифат рӯйи кор омадани чунин як падидаи нек изҳори хушнудӣ карданд.