ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Таҷлили Рӯзи роҳиоҳанчиён

2022-08-17 08:15:11

         Бахшида ба Рӯзи роҳиоҳанчиёни кишвар ҳафтаи гузашта дар толори Боғи роҳиоҳанчиён бо иштироки муовини вазири нақлиёти кишвар Шоиста Саидмуродзода, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон роҳбарият ва кормандони Роҳи оҳан аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

         Нахуст Комил Мирзоалӣ ҳозиринро бо иди касбиашон табрик гуфта, барои заҳматҳояшон дар пешрафти соҳа миннадорӣ баён дошт ва аз натиҷаи фаъолияти роҳиоҳанчиён дар давоми чанд сол мисолҳо овард.    

         Муовини вазири нақлиёт табрикоти вазири нақлиёт Азим Иброҳимро ба саҳми ҳозирин расонд, ки дар он оид ба таърихи таъсиси роҳи оҳан, омадани нахустин қатораи мусофирбарӣ ба Тоҷикистон, дастовардҳои ноилгардидаи соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сухан мерафт.   

          Сипас як қатор кормандони соҳа барои фаъолияти пурсамар дар пешрафти соҳа ва бахшида ба иди касбии роҳиоҳанчиён бо нишонҳои сарисинагии «Роҳиоҳанчии фахрӣ», «Нақлиётчии фахрӣ», ифтихорномаҳои Вазорати нақлиёт ва мукофоти пуливу молӣ қадр гардиданд.   

          Дар фарҷом Раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи роҳиҳоначиёни кишвар Зикрулло Ҳомидов аз номи аҳли кормандони соҳа барои қадрдонӣ ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» арзи сипос намуда, дар навбат худ ҳамкасбонашро табрик гуфт.