Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ"
Menu
Асосӣ
ХАБАРҲО
Муассиса
Маҷалла
Барои муаллифон
Тартиби тақриздиҳӣ
Муассиси маҷалла
Бойгонӣ
Санадҳои ҳуқуқӣ
Шумораи нав
Санадҳо
Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба шакли роҳхатҳо, тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди онҳо
Гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандаҳо
Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархнома
Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандаҳо
Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон.
ҚОИДАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ОИД БА ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БОРИ ДАСТИВУ БАҒОҶ БО НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Корти рақамии тахограф
Международная транспортная накладная CMR (ЦМР)
Роҳхати байналмилалӣ (5B-BM)
Рақамикунонӣ
Замимаи мобилӣ
Руйхати корхонаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ
Корхонаҳо
Рӯйхати хатсайрҳо
Дар бораи мо
Роҳбарият
Муовини аввал
Муовин
Сохтор
Тамос
Шуъбаҳо
Шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсатҳо
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
Лоиҳаҳо ва Конференсияҳо
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
Лоиҳаҳои муассиса
Коридори Нақлиёт
Previous
Next
ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОРҲО БА ИН МАВЗУЪ ТАЪКИД КАРДААНД. Логистика ба бахши ҷудонопазир ва муҳаррики муҳими иқтисод табдил меёбад
2025-11-04 07:04:46
|
Диданд: 36
Созмони байналмилалии Benchmark International гузориши нави худро таҳти унвони Global Transportation & Logistics Industry report дар бораи ояндабинии рушди бозори ҷаҳонии боркашонӣ ва логистика нашр намуд.
Benchmark International соли 2008 таъсис ёфтааст ва қароргоҳаш дар Тампа, Флорида, ИМА ҷойгир аст.Ширкат дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар манотиқи Осиё, Амрикои Ҷанубӣ ва Амрикои Шимолӣ намояндагиҳои худро дорад.
Тибқи гузориши ин созмон, то соли 2026 бозори боркашонӣ ва логистика бояд ба андозаи 18,69 миллиард доллари ИМА бо суръати солонаи 4,4% афзоиш ёбад. Дар айни замон, минтақаи босуръат рушдёбанда дар давраи аз соли 2024 то 2027 Амрикои Шимолӣ арзёбӣ шудааст.
Дар гузориш пешгӯиҳо оид ба рушди бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои нақлиётӣ маълумот оварда шудааст. Тибқи натиҷаҳои соли 2024, андозаи рушд 8,54 триллион долларро ташкил дод. Интизор меравад, ки ин нишондиҳанда то соли 2034 ба 18,63 триллион доллар мерасад ва суръати афзоиш дар давраи аз соли 2024 то 2034 ҳудуди 8,11% - ро ташкил медиҳад.
Логистика, ки доираи васеи амалиётро дар бар мегирад (нигоҳдорӣ, идоракунӣ, ҳамлу нақл, машварат, бастабандӣ ва хизматрасониҳои ҳуқуқӣ), ба шарофати равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тағироти босуръати бозор муҳаррики асосии пешбарандаи иқтисодиёт дар тамоми қисматҳои ҷаҳон мегардад.
Ташкил ва рушди хатсайрҳои магистралии логистикӣ вазифаи калидии кишварҳои мо мебошад – дар ин бора иштирокчиени саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ва саммити сарони давлатҳои ИДМ, ки 9-10 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, изҳор доштанд.
Дар ҷараёни саммитҳо, ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои рушди савдо ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, ба рушди робитаҳои логистикӣ ва афзоиши ҳамкории нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ диққати махсус дода шуд. Ин вазифаҳо калидӣ номида шуданд ва онҳо дар ҳуҷҷатҳои асосии қабулкардаи сарони давлатҳо инъикос ёфтаанд.
Дар саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» Президенти ФР Владимир Путин зарурати ташкили хатсайрҳои логистикии магистралиро тавассути Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тариқи долонҳои нақлиётии «Шимол — Ҷануб» ва «Шарқ — Ғарб» таъкид кард.. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки долонҳои нави трансконтиненталӣ сохта шаванд ва ҳамаи лоиҳаҳои логистикии мавҷуда ва ояндаро ба як шабакаи ягона бо хизматрасониҳои муосири нақлиётии электронӣ муттаҳид карда шаванд.
Қаблан Путин ҳамаи давлатҳои манфиатдорро ба иштирок дар лоиҳаи таъсиси долони байналмилалии нақлиётӣ «Шимол — Ҷануб» даъват карда буд, ки роҳи баҳрии Шимолиро бо халиҷи Форс мепайвандад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пешниҳодро дастгирӣ карда, тазаккур доднд, ки долони мазкур ба густариши иқтидори транзитии минтақа мусоидат менамояд. Дар ин бора Сарвари давлати Тоҷикистон, аз ҷумла, дар доираи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар Тошканд 9 ноябри соли 2023 ибрози андеша намуданд.
«Шимол-Ҷануб» чист? Ин як долони (гузаргоҳи) нақлиётии бисёрмодалӣ мебошад, ки бояд кишварҳои Балтикаро бо Ҳиндустон тавассути Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистон пайваст кунад. Борҳо бо ин гузаргоҳ бо намудҳои гуногуни нақлиёт тавассути роҳи автомобилӣ, роҳи оҳан, роҳи баҳрӣ интиқол дода мешаванд. Интизор меравад, ки долони номбурда як навъ гузинаи (алштернативаи) роҳи баҳрӣ бошад, ки аз канали Суэц мегузарад.
Созишнома оид ба таъсиси долон моҳи сентябри соли 2000 аз ҷониби Ҳиндустон, Эрон ва Русия ба имзо расида буд. Баъдтар Бб лоиҳа Қазоқистон, Беларус, Умон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Сурия низ ҳамроҳ шуданд.
Дар иҷлоси «Рушди долонҳои мултимодалии нақлиётӣ, ки аз кишварҳои Осиё ва Шарқип Наздик мегузаранд», ки соли 2024 дар Қазон, даро доираи Форуми XV байналмилалии иқтисодии “Русия – Ҷаҳони Ислом», баргузор гардид, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ 10 долони афзалиятноки тиҷоратию транзитӣ муайян карда шудаанд, ки аз қаламрави Тоҷикистон аз Шарқ ба Ғарб ва аз Шимол ба Ҷануб мегузаранд.
«Ба рушди долонҳои мултимодалии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Туркия ва дигар давлатҳои аврупоӣ мепайванданд ва дастрасӣ ба бандарҳои баҳриро таъмин мекунанд, диққати махсус дода мешавад», - гуфт ӯ. – Корҳо оид ба истифодаи самараноки долони «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон –Эрон – Туркия – Аврупо» идома доранд, ки бартарии он таъмини кӯтоҳтарин хатсайр аз сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои дар боло зикршуда мебошад ва ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад».
Вазир шарҳ дод, ки ин долон Чинро бо кишварҳои хатсайри «Шимол – Ҷануб», яъне уқёнуси Ҳинд ва халиҷи Форсро бо баҳри Хазар тавассути Эрон мепайвандад.
Азим Иброҳим таъкид кард, ки масири «Шимол-Ҷануб» рушди ҳаракати бемайлон, саривақтӣ ва самараноки молҳоро байни кишварҳои минтақа таъмин менамояд.
«Тоҷикистон, ки аҳамияти ин хатсайрро дарк кард ва соли 2004 тасмим гирифт, ки ба он ҳамроҳ шавад», - илова кард Вазир.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ аз минбарҳои гуногун борҳо зикр намудаанд, ки логистикаи муассир истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон, интиқолдиҳандагон (дистрибюторҳо) ва истеъмолкунандагони ниҳоиро бо ҳам мепайвандад, афзоиши ММД ва рушди соҳаҳои ба ҳам вобастаро ҳавасманд таъмин месозад.
Аз ҷумла, дар иҷлосияи 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки 23-27 майи соли 2022 дар Бангкок (Таиланд) баргузор гардид, Сарвари давлати Тоҷикистон аҳамияти таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқии марбут ба нақлиёт, таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин низоми зеҳнии нақлиётро дар доираи ЭСКАТО таъкид намуданд.
Тоҷикистон ба таҳкими пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳар як узви Итиҳоди иқтисодии Авруосиё дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн манфиатдор аст. Ҳамзамон, ҷонибҳо бояд як қатор масъалаҳои нақлиётӣ ва логистикиро ҳал кунанд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути алоқаи видеоӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ки 25 майи соли 2023 дар Қасри Кремл дар Маскав баргузор шуд, изҳор доштанд.
«Ин, пеш аз ҳама, иқтидори маҳдуди гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни кишварҳои мост. Инчунин ба коммуникатсияҳои нави автомобилӣ ва роҳи оҳан, аз ҷумла ҳайати ҳаракаткунанда барои ҳамлу нақл дар шароити номувозинати ҳаҷми ҷараёни бор ниёз вуҷуд дорад. Дар шароити озодсозии тиҷорат ва рафъи монеаҳо дар роҳи ҳаракати молҳо талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ, аз ҷумла суръат, эътимоднокӣ ва сифати нақлиёт низ меафзояд», - гуфтанд Сарвари давлат ва пешниҳод карданд, ки механизмҳои соддагардонии интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, аз ҷумла тавассути таъсиси марказҳои логистикӣ дар қаламрави мамлакати мо таҳия ва татбиқ карда шаванд.
Дар Мулоқоти 5-уми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе баргузор шуд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешниҳоди таҳияи Консепсияи ҳамгироии шабакаҳои логистикӣ дар Осиёи Марказӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ҳадди аксар аз рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ мебошад.
«Кишварҳои Осиёи Марказиро мебояд барои бунёди инфрасохтори ягонаи нақлиётӣ талош кунанд. Роҳбарони давлатҳои ин минтақа бояд аз тамоми имкониятҳо дар самти иқтисодӣ истифода баранд», - гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни суханронӣ дар саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ (Тошканд, 8-9 ноябри соли 2023) Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «ҳарчи зудтар мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва истифодаи самараноки долони нақлиётии мултимодалии "Чин-Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо" метавонад ба афзоиши ҳамлу нақли бор миёни кишварҳоямон такони иловагӣ бахшад».
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ 28 декабри соли 2023 Президенти Тоҷикистон чунин зикр намуданд: «Барои пурра расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бунёди марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи мошинҳои боркаш, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти яхдондор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон муҳим аст».
Бо назардошти манофеи мазкур, Пешвои миллат зимни Паёми худ ба Парлумони кишвар 28 декабри соли 2024 ба Вазорати нақлиёти ҶТ супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалисозии саривақтии сохтмон ва навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ, ташаккули долонҳои транзитӣ ва нақлиётӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар саммити СҲШ дар Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шарикону нозирон пешниҳод намуданд, ки ба Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 12 сентябри соли 2014 дар Душанбе ба имзо расида буд, ҳамроҳ шаванд.
Мавриди зикр аст ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори Ҳукумати мамлакат аз 6 майи соли 2011 дар сохтори Вазорати нақлиёти кишвар муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» таъсис дода шуд.
28 октябри соли 2023 бо қарори Ҳукумати ҶТ «Барномаи давлатии рушди низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2028» тасдиқ гардид.
Бознашр аз сомонаи
www.president.tj
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел