ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ"

«Зеҳни сунъӣ дунёи моро тағйир медиҳад ва онро коромадтар месозад»

2025-11-04 08:04:18 | Диданд: 42

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид

1 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ Форуми байналмилалии «Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор шуд.

Муовини Сарвазир зикр кард, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ, фанҳои техникӣ ва технологияҳои инноватсионӣ афзуда, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар — бидуни рушди ин соҳаҳо имконнопазир аст.

Дар Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, донишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ ва шарикони байналмилалӣ иштирок намуда, дар бораи саҳми Донишгоҳи технологӣ дар рушди илму иқтисодиёт мубодилаи афкор карданд.

Ректори донишгоҳ Зоҳир Раҳмонзода ба Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва Вазири молия Файзиддин Каҳҳорзода дипломи профессори фахрии ДТТ-ро супорид.

Иштирокчиён зеҳни сунъиро яке аз муҳимтарин ихтироотҳои асри XXI дониста, зикр карданд, ки он ҷаҳони моро тағйир дода, онро коромадтар ва роҳаттар мегардонад.

Бар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 таҳти № 911 солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд. Илова бар ин, Маҷмаи Умумии СММ дар моҳи июли 2025 ташаббуси Тоҷикистонро оид ба рушди зеҳни сунъӣ дастгирӣ намуд.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки соли 1990 таъсис ёфтааст, имрӯз мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ омода мекунад. Дар донишгоҳ факултаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ фаъол буда, дар соли таҳсили 2025–2026 ҳашт ихтисоси нав, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ ва маълумоти бузург», «робототехника ва автоматика» ва «идоракунии логистикаи нақлиётӣ» кушода шудаанд.