ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ"

ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-11-05 12:30:15 | Диданд: 14

Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар он собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Шерхон Салимзода иштирок ва дар назди ҳозирин аз таърихи қабули Конститутсия ва нақши он дар рушди давлатдории навини тоҷикон сухан гуфт.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иштирокчиёни ҷамъомад ва тамоми кормандони соҳаро бо ин ҷашни миллӣ табрик намуд.
Матни табрикоти Вазир дар зер пешниҳод мегардад.
Дӯстони азиз, ҳамкасбони гиромӣ,
Сиву як сол пеш аз ин, 6 ноябри соли 1994 дар кишвари мо раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд ва тавассути он Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид. Бинобар ин, ҳамасола 6 ноябр дар кишвари мо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҷашнҳои миллии мо бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми шаҳрвандони кишвари азизамонро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям!
Ҳамкасбони арҷманд,
Конститутсияро ба унвони «Бахтномаи миллат» ҳам ном мебаранд, ки ин беваҷҳ нест. Зеро он ҳуқуқ ва озодиҳоеро кафолат медиҳад, ки ба некӯаҳволии одамон таъсири мусбат расонида, ба саодату хушбахтии онҳо мусоидат менамоянд.
Барои мисол, тавре дар боби дуюми ин санади сарнавиштсоз зикр шудааст:
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад.
Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.
Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад.
Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад.
Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад. Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад.
Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.
Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад.
Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад.
Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст.
Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист.
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажоди, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Ва ғайраву ҳоказо.
Қобили зикр аст, ки ин меъёрҳо ба санадҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул шудааст, мутобиқ мебошанд.
Дар омади гап, Эъломияи Куруши Кабир, ки соли 539-и то милод, яъне дуюним ҳазор сол қабл аз ин эҷод ва соли 1879 дар Бобул аз ҷониби бостоншиноси бритониёӣ Ҳурмуз Расам кашф шудааст, нахустин санади меъёриии ҳуқуқӣ дар масъалаи эътирофи расмии ҳуқуқҳои табии инсон дар ҷаҳон арзёбӣ шудааст. Яъне муаллифи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон Куруши Кабир – барҷастатарин ва шоистатарин шоҳони Эрони бостон аст, ки хираду андеша ва сиёсатҳои оқилона ва одилонаи ӯ реша дар таъриху тамаддуни мардуми ориёинажод дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чунин таъкид намудаанд: «Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест ба сӯйи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути равшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард».

Маҳз дар натиҷаи талошҳо ва иродаи қавии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар эҳё ва гиромидошти анъанаҳои неки мардуми ориёинажод хизматҳои бузурги таърихӣ ба харҷ дода, соли 2006-ро Соли тамаддуни ориёӣ эълон намуданд, иди Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб кард, ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон аз нав эҳё гардиданд, 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм таҷлил ва он ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ба вазорату идораҳои дахлдори кишвар супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550 – солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Дӯстони гиромӣ,
Дар моддаи 1-уми Конститутсияи кишварамон омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Яке аз принсипҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Яъне, волоияти қонун замоне муяссар мегардад, ки шаҳрвандони кишвар қонунҳои амалкунандаи давлатро дониста, дар доираи он амал  намоянд.
Маҳз ба ҳамин хотир ва ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тибқи фармони худ аз 30 декабри соли 2023 таҳти рақами 668 соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.

«Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад, – изҳор доштанд Сарвари давлат дар Паёми худ ба Парлумони мамлакакт 28 декабри соли 2023. – Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Воқеан ҳам, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон на танҳо барои давлат, балки барои худи шаҳрвандон зарур аст. Барои тамоми кишварҳо ва барои тамоми дунё зарур аст. Ин тарбия аст. Ба гуфтаи адиб ва донишманди итолиёвӣ Массимо Адзелйо, тамоми инсонҳoи рӯи Замин, аз рӯзи таваллуд то нафаси охирини худ ба тарбия ниёз доранд. Файласуфи машҳури Юнони Қадим Арасту дар робита ба таъсири мусбати қонунҳо ба тарбияи инсон чунин гуфтааст: «Одаме, ки берун аз доираи ҳуқуқ ва қонун зиндагӣ мекунад, бадтарин одам аст».

Тавре мову шумо медонем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунин яке аз сиёсатмадорони дурандеш ва хирадманд шинохта шудаанд, маҳз бо назардошти ҳамин далелҳо пешниҳод намуданд, ки дар саросари олам Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.

«Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардидааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Бо дарки амиқи ин воқеият Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад». Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябри соли 2025 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид.

Сарвари давлати мо ҳамаи давлатҳои аъзоро даъват намуданд, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд.

Ҳамкорони гиромӣ,
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз ҳамаатон даъват мекунам, ки пайрави Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, ба Конститутсия, дигар қонунҳои кишвар ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон имзо кардааст, арҷ гузорем, дар доираи қонун, ҳуқуқ ва адолат кору зиндагӣ кунем, то ки Тоҷикистони азиз ба зинаҳои боз ҳам баланди рушд бирасад ва аҳолии он дар роҳату рафоҳият умр ба сар баранд.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
                                                                                                                                                               Бознашр аз сомонаи  www.mintrans.tj