ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ"

ДАР ТОҶИКИСТОН МАВСИМИ САРДӢ ФАРО РАСИД. Вазорати нақлиёт ба ронандагон тавсия дод, ки дар роҳҳо аз эҳтиёт кор гиранд, муаасисаю корхонаҳо муваззаф гардиданд, ки ба нигоҳдории зимистонаи роҳҳо омода бошанд

2025-11-05 12:32:45 | Диданд: 10

Ба қаламрави Тоҷикистон ҳавои хунук ва намӣ ворид шуд, дар минтақаҳои кӯҳии кишвар аллакай барф борид.Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, дар баъзе ҷойҳо ғафсии қабати барф аз 5 то 15 сантиметрро ташкил медиҳад.

Моҳи ноябр борон, хунукӣ ва шамол зиёд мешавад ва сардиҳо ба амал меоянд, хабар Агентии обуҳавошиносӣ. Дар аксари ноҳияҳо боришот (беш аз 1000 м борон бо гузариш ба барф) дар назар дошта шудааст. Шабҳо аллакай аз -1 то -6 дараҷа сард хоҳанд буд ва рӯзона ҳарорат дар ҳудуди сифр (0) нигоҳ дошта мешавад.

Дар водиҳо ва минтақаҳои наздикӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво 9-11 дараҷа ва афзоиши шамол дар минтақаҳои алоҳида то 15-20 м/с интизор меравад.

Обуҳавошиносон инчунин аз ҳодисаҳои сел дар кӯҳҳо ва баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво ҳушдор медиҳанд.

Дар ин рӯзҳо кормандони муассисаю корхонаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат тадбирҳои фаврӣ меандешанд. Дар минтақаҳои куҳӣ корҳо оид ба тоза кардани роҳҳо аз барф ва коркарди онҳо бо маводи зиддилағжиш идома доранд.

Бинобар номусоид шудани вазъи ҳаво Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии ҳамаи муассисю корхонаҳои маҳаллии нигоҳдории роҳҳоро муваззаф намуд, ки ба мавсими зимистон пурра омода бошанд, омодагии техникаи роҳнигоҳдорӣ ва маводҳои зиддилағжишро таъмин намоянд, нигоҳдории меъёрии ҳамаи категорияҳои роҳҳои автомобилиро дар ҳама гуна шароити обу ҳаво кафолат диҳанд, хавфи сар задани садамаҳои нақлиётиро кам кунанд. Дар ин бора Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим рӯзи душанбеи 3 ноябр дар ҷаласаи назоратӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Илова бар ин, Вазорати нақлиёт аз ронандагон даъват намуд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд, суръати пешбинишудаи ҳаракатро зиёд накунанд, шароити обу ҳаворо ба назар гиранд ва дар қитъаҳои хатарноки роҳ хеле эҳтиёткор бошанд.
                                                                                                                                                               Бознашр аз сомонаи  www.mintrans.tj