ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2025-11-14 13:24:49
| Диданд: 20
Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва идораю муассисаҳои тобеи вазорат бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъамади тантанавӣ баргузор гардид. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим кормандони соҳаро бо ин ҷашни бузурги миллӣ табрик гуфт.
Дар ҷамъомад ходими давлатӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа, Корманди шоистаи Тоҷикистон Саймурод Фаттоҳзода иштирок ва суханронӣ кард.
Дар зер матни табрикоти Вазири нақлиёт пешниҳод мегардад.
Ҳамкорони арҷманд,
Агар ба таърихи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои рангину тобнок ва ибратбахшу омӯзанда аст, саҳифаҳое, ки бо номи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузорри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд. Таъсиси тарзи идораи президентӣ низ аз қабили чунин саҳифаҳои дурахшон аст.
Бояд тазаккур дод, ки мақоми идоракунии президентӣ бори аввал дар ҷаҳон 17-ми сентябри соли 1787 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бинобар қабул гардидани Конститутсияи ин кишвар (нахустин конститутсияи давлати соҳибихтиёр бо фаҳмиши имрӯза) ва дар натиҷаи пешбарии Ҷорҷ Вашингтон ба ин мақом таъсис ёфтааст.
Идораи президентӣ дар кишвари мо ба маънои томи ин калима 16 ноябри соли 1994, пас аз даҳ рӯзи қабули Конститутисияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва пешбарии номзади арзандаи ин мақом Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд кардааст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз барои кишвари мо ва мардуми мо рӯзи таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Бинобарин, ҳамасола 16 ноябр, тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шакуҳи шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ин рӯзи саид ва ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният мегӯям.
Дӯстони азиз,
Ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, президент ва бунёдгузори шакли идораи президентӣ дар Фаронса Шарл де Голл гуфтааст: «Таърихро шахсиятҳо меофаранд».
Бале чунин аст. Таърихи нахустин давлатдории тоҷикон бо номи Исмоили Сомонӣ, таърихи илму адаби тоҷик бо номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Ал-Форобӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон, таърихи мусиқии тоҷик бо номи Борбади Марвазӣ, таърихи санъати тасвирии тоҷик бо номи Камолиддин Беҳзод ва, албатта, таърихи давлатдории навини тоҷикон, таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо номи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сахт тавъам аст.
Агар амир Исмоили Сомонӣ аввалин давлати тоҷиконро бунёд ниҳода, забону фарҳанги тоҷиконро ба маснади баланд бароварда буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро ташаккул доданд ва таҳким бахшиданд, забони тоҷикиро дубора ба тахт биншонданд, фарҳангу тамаддун ва расму оини ниёгонамонро аз нав ҷон бахшиданд ва ба арсаи ҷаҳонӣ бароварданд.
Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли Қаҳрамонони дигари Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Ширншоҳ Шоҳтемур бо асарҳои мондагору пуарзиши худ, бо кору пайкор, талошу ҷонбозӣ ва шуҷоату далерии худ дар зинда нигоҳ доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи олам ва боло бурдани обрӯю нуфузи миллати тоҷик дар байни аҳли башар корнамоиҳои бемисл нишон додаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хизматҳоеро ба ҷо овардаанд, ки дар вақташ Ҷордҷ Вашингтон ва Франклин Рузвелт барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Шарлл де Гол барои Ҷумҳурии Фаронса, Ден Сяопин барои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Махатхир Муҳаммад барои Малайзия, Мустафо Камол Отатурк барои Туркия ва ё Ли Куан Ю барои Сингапур ба харҷ додаанд.
Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои бемаънии таҳмилӣ миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Сарвари давлат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварда, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор фирориёнро ба ватан баргардонданд.
Бо иродаи Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим сар барафрохтанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи мардуми Тоҷикистон ва иқдомҳои тамаадунофари Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсафону ҳаммаслакони содиқашон мебошад.
Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни сокинони кишварамон ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Мукофоти ин ҳама ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сарвари оқилу дурандеши Тоҷикистон, сиёсатмадори барҷаста ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.
Пешвои миллати тоҷик муаллифи ҳафт ташаббуси бузург мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд: Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Соли ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва ҳамсола 21 март таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи прияхҳо ва қабули қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ».
24 сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва аз вазъи мураккабу пурҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ карданд ва пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Чуноне шоир гуфтааст:
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу шодию барор оварад.
Сарвари давлат хуб медонанд, ки сулҳу субот бузургтарин неъмати рӯи Замин аст. Сулҳу субот асоси зиндагӣ ва хуррамию нишоти инсонҳост. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Сарвари давлати мо бо таҷрибаи сулҳофарии худ ҳамчун меъмори ваҳдат, сулҳ ва зиндагии осудаҳолона дар саросари ҷаҳон ном бароварданд.
Шоири шаҳир, вассофи суҳу амонӣ Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гуфта буд:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чун мунодии сулҳ бо пиндору гуфтору рафтори худ дар замину замон ва дар замири инсонҳо тухми меҳру муҳаббат, лутфу марҳамат, меҳрубони шафқат, дӯстию ҳамдилӣ ва ҳамкорию ҳамгироӣ мекоранд.
Талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ воқеан ниҳоят бузург ва саривақтианд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».
Аз ҳамин сабаб барои ҳар сокини кишвар, барои ҳар кадоми мо ҳаёт ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуна ё улгӯи зиндагии шарафмандона ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзи муқаддас, ҷашни бузург, рамзи саодату хушбахтӣ, рӯзи ифтихору сарбаландӣ мебошад.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям!
Саломату сарбаланд бошед!
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj