Нуҳ терминал ва марказҳои логистикии кишвари мо барои дохил шудан ба рӯйхати «бандарҳои хушк» - и дорои аҳамияти байналмилалӣ пешниҳод карда шуданд
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории ЭСКАТО нуҳ терминали нақлиётӣ ва марказҳои логистикии кишварро барои дохил намудан ба рӯйхати «бандарҳои хушк» - и дорои аҳамияти байналмилалӣ пешниҳод намуд.
Ҷаласаи Гурӯҳи кории ЭСКАТО 11 ноябри соли 2025 дар қароргоҳи ин созмон дар Бангкок (Тайланд) баргузор шуд. Дар он намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон – сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ Саидҷаъфар Саидзода ва муовини Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Камол Ғуломзода тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Барои гирифтани мақоми «бандарҳои хушк»-и дорои аҳамияти байналмилалӣ (dry ports of international importance) чунин муассисаҳо пешниҳод карда шуданд:
1. Маркази логистикии шаҳри Душанбе. (ҶСП «Тоҷиквнештранс»).
2.Терминали наздисарҳадии «Панҷи поён» (ҶСП «Тоҷиквнештранс»). Макони ҷойгиршавӣ – ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон.
3.Терминали наздисарҳадии «Кулма» (ҶСП «Тоҷиквнештранс»). Макони ҷойгиршавӣ – ноҳияи Мурғоби ВМКБ.
4. Терминали наздисарҳадии «Лахш». (ҶСП «Тоҷиквнештранс»). Макони ҷойгиршавӣ – ноҳияи Лахш.
5. Терминали наздисарҳадии «Гулистон» (ҶСП «Тоҷиквнештранс»). Макони ҷойгиршавӣ – шаҳри Исфараи вилояти Суғд.
6. Терминали наздисарҳадии «Бобоҷон Ғафуров» (ҶСП «Тоҷиквнештранс»). Макони ҷойгиршавӣ – ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.
7. Маркази логистикии «Турсунзода». (Ассосиатсияи байналмилалии интиқолдиҳандагони автомобилии Тоҷикистон, ABBAT). Макони ҷойгиршавӣ – шаҳри Турсунзода.
8.Маркази логистикии «Хоруғ». (Ассосиатсияи байналмилалии интиқолдиҳандагони автомобилии Тоҷикистон, ABBAT). Макони ҷойгиршавӣ – ноҳияи Шуғнони ВМКБ.
9.Маркази логистикии «Мурғоб» (Ассосиатсияи байналмилалии интиқолдиҳандагони автомобилии Тоҷикистон, ABBAT). Макони ҷойгиршавӣ – ноҳияи Муроғоби ВМКБ.
Баъд аз ин таҳқиқи иншооти мазкур ҷиҳати муайян сохтани мутобиқати онҳо ба талаботе, ки дар замимаи II Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи «бандарҳои хушк» муқаррар шудааст, гузаронида мешавад. Тадқиқот аз ҷониби Маркази омӯзиши масъалаҳои рушди нақлиёт ва логистика бо дастгирии техникии ЭСКАТО доир мегарданд. Дар асоси натиҷаҳои тадқиқот иншоот расман ба Рӯйхати байналмилалии «бандарҳои хушк» дохил карда мешаванд.
Пайвастан ба шабакаи «бандарҳои хушк» - и ЭСКАТО имкон медиҳад, ки ин терминалҳо ва марказҳои логистикӣ дар харитаҳои расмӣ ва пойгоҳи додаҳои СММ инъикос карда шаванд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори транзитии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори миллии нақлиётӣ ва логистикӣ шароитҳои иловагӣ фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи «бандарҳои хушк» 1 майи соли 2013 дар Бангкок ба имзо расида, 23 апрели соли 2016 ба ҳукми амал даромад. 17 кишвари узви Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором, ЭСКАТО (ESCAP (Economic and Social Commission for Asia and The Pacific), аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон иштирокчиёни Созишнома мебошанд.
Созишномаи мазкур ба фаъолияти маҷмааҳои логистикии хушкӣ, ки дар он коркард, нигоҳдории муваққатӣ, тафтиши борҳо ва назорати гумрукӣ ва, дар сурати имконият, инчунин қабул ва фиристодани онҳо, пурракунӣ, тақсимот ва ҳамлу нақл амалӣ карда мешавад, дахл мекунад.