ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ"

ДАР ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН МАРКАЗИ МУОСИРИ ЛОГИСТИКИИ «ФОТЕҲОБОД» ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД

2025-11-21 09:28:21 | Диданд: 24

Миёни Бонки рушди Авруосиё, Вазорати нақлиёти ҶТ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои ШДБХ қарордоди сеҷониба ба имзо расид 20 ноябр дар Душанбе миёни Бонки рушди Авруосиё (БРАО), Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии (ШДБХ) назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоди сеҷониба оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷатро муовини Раиси БРАО Руслан Даленов, муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ)»-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Файзалиев имзо карданд. Имзои қарордод ба татбиқи лоиҳаи Фонди кӯмаки техникии Бонки рушди Авруосиё (ФКТ БРАО) оид ба таҳияи асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи сохтмон ва истифодаи маркази нақлиётӣ-логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотехобод» ва таҳкими салоҳиятҳо оид ба арзёбии самаранокии татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар шакли ШДХБ оғоз бахшид. Ёдовар мешавем, гузаргоҳи сарҳадии «Фотехобод» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар марз бо Узбекистон ҷойгир аст. Интизор меравад, ки лоиҳа мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун маркази асосии нақлиётии минтақа мустаҳкам намуда, самаранокии тиҷорати фаромарзиро баланд мебардорад. Владимир Якунин, директори Бонки рушди Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора чунин изҳор намуд: «Мо дар бунёди инфрасохтори муосири логистикӣ дар Тоҷикистон иқтидори бузургро мебинем. Таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии (АТИ) пешакии лоиҳаи «Фотехобод» қадами муҳим дар самти оғози ташаббуси миқёсан васеъ хоҳад буд, ки метавонад самаранокии тиҷорати фаромарзиро ба таври назаррас баланд бардорад. Тибқи натиҷаҳои таҳияи АТИ, Бонки рушди Авруосиё омода аст, ки имконияти маблағгузории сохтмони ин маркази логистикиро низ баррасӣ кунад. Мо итминон дорем, ки лоиҳа мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун як маркази муҳими нақлиётии минтақа тақвият хоҳад дод». Суханони Якунинро сомонаи БРАО eabr.org. иқтибос кардааст. Мавриди зикр аст, ки рушди инфрасохтори муосири логистикӣ яке аз ҳадафҳои асосии «Барномаи давлатии рушди системаи логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» мебошад, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 октябри соли 2023 таҳти рақами 503 тасдиқ шудааст. Барнома навсозии инфрасохтор, омода кардани маводи босифати лоиҳавӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахши нақлиёт ва логистикаро пешбинӣ мекунад. Лоиҳаи ФКТ БРАО имкон медиҳад, ки сифати омодасозии ташаббусҳои инфрасохторӣ баланд бардошта, салоҳиятҳои касбии мутахассисон тақвият дода шаванд ва барои оғози лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ замина ба вуҷуд ояд. Лоиҳа яке аз қадамҳои калидӣ дар рушди низоми нақлиётию логистикии Тоҷикистон буда, ҷолибияти сармоягузории бахшро тақвият мебахшад ва барои афзоиши ҷараёни савдо дар минтақа замина фароҳам меорад. БРАО дар доираи фаъолияти минбаъдаи худ дастгирии лоиҳаҳоеро, ки ба васеъ кардани алоқаи инфрасохторӣ, дастгирии равандҳои ҳамгироӣ ва рушди устувори иқтисодӣ равона шудаанд, идома медиҳад. Бознашр аз mintrans.tj