Дар арафаи Соли нав, 30 декабри соли 2025, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» - ро баргузор намуда, бори аввал дар як майдон муҳандисони ҷавонро ба ҳам овард.
Ин тадбир бо мақсади амалӣ намудани сиёсати оқилона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши наврасону ҷавонон дар соҳаи илм, ҷалби онҳо ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо роҳандозӣ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи технологияҳои нав ва IT дар Тоҷикистон босуръат рушд мекунад. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо ба таълими ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) шуруъ кардаанд. Нақлиёт, тиб, маориф рақамӣ карда мешаванд. Бисёр мактабҳо рӯзномаҳои электронӣ доранд, дар нақлиёти ҷамъиятӣ трекерҳои GPS-трекерҳо истифода мегарданд.
Имрӯз истифодаи унсурҳои технологияи нав дар парвариши донишмандони ҷавони илмҳои дақиқ кӯмак мекунад. Инро бори дигар Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварон дар соҳаи нақлиёт» собит намуд: дар он муҳандисони ҷавон ихтирооти ҷолиби худро пешниҳод карданд, ки онҳоро на танҳо дар нақлиёт, балки дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, сохтмон низ истифода бурдан мумкин аст. Муҳандисони ҷавон бо истифода аз маводи маҳаллӣ аз модели нави мошин, ки ба Lamborghini-и итолиёвӣ монанд аст, то дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишин сохтаанд.
Аксари онҳо хонандагони мактабҳоянд. Онҳо гуфтанд, ки дар мактаб дар маҳфилҳои «Риёзидони наврас», «Физики наврас», «Химики наврас», «Техники наврас» ширкат мекунанд, дар ин маҳфилҳо онҳо, масалан, бо кашфиётҳои Абурайҳон Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Ибни Сино, Архимед, Нютон, Эйнштейн шинос мешаванд, тасаввуроти худро дар бораи ин донишмандони бузург, ки ҷаҳонро дигаргун сохтаанд, васеъ мекунанд, ҷаҳонбинии худро инкишоф медиҳанд, дар ин маҳфилҳо таваҷҷӯҳ ва муносибати мусбати хонандагон ба дарсҳои риёзиёт (математика), физика, химия ва ғайра ташаккул меёбад.
Барои иштироки фаъолона дар намоишгоҳ ва ғояҳои инноватсионӣ инҳо бо Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ (ҳар кадом 2000 сомони) сарфароз гардонида шуданд:
Азамҷон Шарифов – хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимоти миёнаи умумии (МТМУ) №4 ноҳияи Б. Ғафуров;
Шероз Тухтабоев – хонадаи синфи 10-и МТМУ №34, ноҳияи Б. Ғафуров;
Муминҷон Рӯзиев – хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии давлатии (МТД) «Литсеи №1», ноҳияи Б. Ғафуров;
Нурмухаммад Аминҷонов – хонандаи синфи 10-и МТД «Литсеи №4», шаҳри Исфара;
Сайдалихон Неъматуллоев – хонандаи синфи 9-и МТМУ №25, шаҳри Хуҷанд;
Самир Ҷабборов – хонандаи синфи 8-и Гимназияи №1 ба номи академик А. Мухторови ш. Истаравшан;
Айёмиддини Хайриддин – муҳандиси калони ҶДММ «АКИА Авесто Автоматив Индастри»;
Умедҷон Хоҷаев – муҳандиси ҶДММ «АКИА Авесто Автоматив Индастри».
Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ҳангоми ба онҳо супоридани мукофотҳо чунин иброз дошт: «Мову шумо дар асри технология зиндагӣ мекунем. Имрӯз ҷаҳонро технологияҳои нав идора мекунанд – ин акнун танҳо сухан не, балки воқеияти ҳол аст. Шумо худатон мебинед, ки вақтҳои охир чӣ гуна симои соҳаи нақлиёт тағир пазируфтааст.Намудҳои нави нақлиёт, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти бесарнишин пайдо шудаанд, шакли нави ҳамкории инсон ва маҷмааи нақлиётӣ ба зуҳур меояд. Ҳоло дигар дар нақлиёти ҷамъиятӣ пули нақд пардохт намекунем, мо аллакай аз рӯи биометрия ба ҳавопаймо савор мешавем. Яъне, дӯстони ҷавон, мо ба шумо хеле ниёз дорем. Шумо ояндаи мо ҳастед! Мо шуморо дар соҳаи нақлиёт интизорем. Ояндаро маҳз эҷодкорӣ ташаккул медиҳад. Бигузор шумо муваффақ шавед! Ман мехоҳам ба шумо сипос арз кунам, ки нисбат ба Ватани худ бетафовут нестед, онро дӯст медоред.Ташаккури зиёд!».
Вазир изҳори умедворӣ кард, ки чунин намоишгоҳҳо аз ин ба баъд анъанавӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии солҳои 2020-2040 «Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф», солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шудаанд.
30 сентябри соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро барои давраи то соли 2040 тасдиқ намуданд. Дар доираи стратегия пешбинӣ гардидааст, ки то соли 2040 то 5% ММД-и кишвар аз ҳисоби технологияҳои зеҳни сунъӣ (ЗС) таъмин карда мешавад.
25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қатъномаи таърихиро бо номи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул кард.