ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ"

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСА

2026-01-07 11:31:44 | Диданд: 55

Дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми январи соли 2026 ҷаласаи васеи мушовара доир гардид, ки дар он аз фаъолияти муассиса дар соли 2025 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2026 муайян карда шуд.
Дар Ҷаласа муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, директори муассиса Фарух Ашурзода, муовинони директор, намояндагони дигар сохтҳои далатӣ, инчунин, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақаҳо иштирок намуданд. 
Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Фарух Ашурзода оғоз карда, иброз дошт, ки муассиса ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар идоракунии соҳаи нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ, фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу дастурҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба роҳ мондааст.
Дар ҷараёни ҷаласа муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Ҷаҳонгир Пиров суханронӣ карда, натиҷаҳои фаъолияти муассисаро дар соли 2025 таҳлил намуд. Ӯ, ҳамчунин, иброз дошт, ки роҷеъ ба натиҷаҳои бадастомада ва мутобиқи Нақшаи кории муассиса гурӯҳҳои корӣ бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дахлдори муассиса, ҷиҳати вусъат бахшидани раванди рақамикунонии варақаҳои роҳхат ва борхат, беҳтар намудани ҳисоботи омории нишондиҳандаҳои асосии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, омӯзиши дарсҳои 20-соатаи Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон ва ҳалли дигар масъалаҳои ҷойдошта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. 
Баъди пешниҳоди ҳисобот ва таҳлили фаъолияти муассиса дар соли сипаригардида, дар суханронии худ муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода аз натиҷаҳои фаъолияти муассиса изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолияти муассисаро нисбат ба солҳои қабл беҳтар арзёбӣ кард. Ҳамчунин, ӯ таъкид дошт, ки ҷиҳати дар оянда хубтар ба роҳ мондани фаъолият кормандони муассиса бо дасту дили пок ва содиқона дар иҷрои уҳдадориҳои худ талош кунанд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии соли 2025 баъди таҳлилу баррасиҳо вазифаҳои зерин барои семоҳаи аввали соли 2026 ба миён гузошта шуд:
1. Пайгирӣ ва иҷро намудани Нақшаи чорабиниҳои муассиса оид ба амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2023, №503 қабул шудааст ва Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2028;
2. Вусъат бахшидан ба Барномаи рақамикунонии варақаи роҳхату борхат, аз ҷумла, ба роҳ мондани роҳхати электронии ғайрикоғазӣ (замимаи мобилӣ), дар асоси барномаи электронии мутаммарказонидаи нишондиҳандаҳои асосии соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
3. Идомаи назорати технологӣ, таҳлил ва омӯзиши базаҳои моддию техникӣ ҷиҳати расонидани дастуру маслиҳатҳои муфиди беҳтар намудани фаъолияти ва варақаҳои роҳхату борхати ташкилотҳои нақлиётии истифодаи умум, инчунин талабот нисбат ба интиқолдиҳанда пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ; 
4. Беҳтар намудани баҳисобгирии ҳисоботи омории нишондиҳандаҳои асосии соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва дар ин замина коҳиш додани нишондиҳандаҳое, ки тариқи таҳқиқот дар асоси методологияи дахлдор ворид карда мешаванд, дар асоси коркарди бештари варақаҳои роҳхату борхат тибқи табуляграмма; 
5. Ҷоннок намудани рафти таъмини ронандагони ватанӣ бо корти системаи тахографии рақамии намунаи смарткарт, борхати молию нақлиётии намуди СМR ва варақаҳои роҳхат барои воситаҳои нақлиёти байналмилалии боркашу мусофирбари сатҳи байналмилалӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз ҷониби дигар ташкилоту ассотсиатсияҳо ва корхонаҳои нақлиётӣ додани варақаи борхати намунаи СМR (бо ҳамбастагӣ бо кормандони ХДНТСН)
6. Вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии муассиса, аз ҷумла бо кишварҳои минтақа ҷиҳати истифодаи таҷрибаи пешқадами онҳо ва пешниҳоди имкониятҳои ширкатҳои ватанӣ дар воридот ва содироти молу маҳсулот, ҳамзамон истифодаи самараноки имкониятҳои транзитии мамлакат ва тарғибу ташвиқи он дар сомонаҳои интернетии нақлиётӣ ва тиҷоратӣ; 
7. Тағйиру иловаҳо ворид намудан ба Феҳристи ягонаи хатсайрҳои мусофирбарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
8. Дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ташкил ва ба роҳ мондани омӯзиши дарсҳои 20-соата оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ барои ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш;
9. Тибқи тартиби муқарраргардида мунтаззам гузаронидани муоинаи хатсайрҳои мусофирбарӣ ва дар сурати зарурӣ кушодани хатсайрҳои нав ва даровардани тағйиру иловаҳо ба хатсайрҳои амалкунанда;
10. Ташкили сафарҳои омӯзишӣ ба кишварҳои хоричӣ оид ба шиносоии марказҳои нақлиётию логистикӣ, инчунин омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба шарикони рушд ва кишварҳои ба ин раванд таваҷҷуҳдошта, ҷиҳати ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ;
11. Вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо ташкилотҳо оид ба муайян намудани меъёри сарфи сӯзишвории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
12. Пурзур намудани фаъолияти бахшҳои минтақавӣ ва агент-экспедиторони муассиса ҷиҳати бештар истифода бурдани имкониятҳои фаъолияти кории онҳо, инчунин, вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо соҳибони бору маҳсулоти кишоварзӣ ва саноат, бобати интиқоли онҳо, ҳамзамон нигоҳдории онҳо дар анборҳо ва сардхонаҳои мавҷудаи кишвар;
13. Ба роҳ мондани феҳристи ягонаи корхонаҳои ғайринақлиётии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.
Дар охир роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» изҳор карданд, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, инчунин, барои самараноктар ташкил намудани фаъолияти он, бояд дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз он ҷумла дастуру супоришҳои Сардори давлатро, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва аз маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу дастурҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои муассиса оид ба амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028”, ва Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2028 чораҳои иловагӣ андешем.