ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

МРСН Вазорати нақлиёт соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд

2026-04-07 09:24:57 | Диданд: 15

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» (КВД МРСН) - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мақом ва шаҳодатномаи резиденти IT-Park Dushanbe гардид.

Тавре Директори КВД МРСН Суҳроб Ёқубзода изҳор дошт, мақоми резидент ба Марказ имкон медиҳад, ки аз афзалиятҳои вобаста ба андоз ва дигар имтиёзҳои давлатӣ бархӯрдор шавад. Тибқи Кодекси андози ҶТ, резидентони (сокинон ё истифодабарандагони) IT-Park аз ҳама намудҳои андоз, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ (6%) ва андози иҷтимоӣ (1%) озод мегарданд.

Илова бар ин, воридоти таҷҳизоти инноватсионӣ, ки барои фаъолияти МРСН дар дохили IT-Park истифода мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад.

Ҳамчунин ба резидентон ҳуқуқи дастрасӣ ба бинои IT-Park ва, аз ин рӯ, дастрасӣ ба интернет, минтақаҳои гуфтушуниди коворкинг (co-working – ҳамкорӣ дар паҳлӯи дигар резидентон) дода мешавад. Ба ҷуз ин, МРСН имконияти нефоркинг (networking – кор бо шабака ва шиносоӣ бо дигар резидентон)-ро пайдо мекунад.

Мавриди зикр аст, ки КВД МРСН-и Вазорати нақлиёти ҶТ 29 октябри соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳангоми ташрифашон ба Вазорати нақлиёти ҶТ расман ба истифода дода шуд. Марказ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати татбиқи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои асосии Марказ аз татбиқи системаҳои назорати рақамӣ ҷиҳати танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдасти кишвар, таҷҳизонидани техникаи нигоҳдории роҳҳо бо системаҳои GPS (Global Positioning System) барои мониторинги ҷойгиршавӣ, беҳдошти хатсайрҳо ва назорати кори мошинҳо, ҷамъоварии дороиҳои роҳ бо мақсади шиносномакунии минбаъдаи роҳҳо, коркарди дархостҳо барои иҷозатномаҳо, гузариш ба мубодилаи рақамии рухсматномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ, пешгирии ҳаракати мошинҳои гаронвазн бо истифода аз тарозуҳои динамикии муосир иборатанд.

7 апрели соли 2025 дар Душанбе аввалин дар кишвар Порки фановариҳои иттилоотӣ ё худ IT-Park мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. IT-Park минтақаи махсусест, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди ширкатҳои дорои технологяҳои муосир, стартапҳо ва лоиҳаҳои IT таъсис дода шудааст. Дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ширкат намуданд.

28 феврали соли 2026 Ҳукумати ҶТ тибқи қарори худ таҳти №101 Баномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2026-2030 тасдиқ кард.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 911 аз 8 январи соли 2025 дар Тоҷикистон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.

                                                                                                                                                        Бознашр аз сомонаи mintrans.tj