ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ПАЛАТАИ БОЛОИИ ПАРЛУМОНИ ҚАЗОҚИСТОН АҲДНОМАИ МУНОСИБАТҲОИ ҲАМПАЙМОНИРО БО ТОҶИКИСТОН ТАСДИҚ КАРД. Дар ҳуҷҷат ба рушди гузаргоҳҳои нақлиётӣ-логистикӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст

2026-04-21 11:12:07 | Диданд: 18

Остона ва Душанбе расман ҳампаймон шуданд. Сенати (палатаи болоии парлумон) Қазоқистон 16 апрели соли 2026 Аҳдномаи муносибатҳои  ҳампаймониро  бо Тоҷикистон тасвиб намуд ва  марҳилаи нави наздикшавии стратегии ду кишварро ба таври ниҳоӣ мустаҳкам кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Парлумони Қазоқистон.

«Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев 22 августи соли 2024 дар ҷараёни сафари давлатии Президенти ҶҚ ба Тоҷикистон ба имзо расида буд.  Акнун ин  ҳуҷҷат эътибори қонунӣ пайдо кард.  

«Сухан на танҳо дар бораи як санади расмӣ, балки дар бораи тавсеаи ҳудуди амалҳое меравад, ки  муносибатҳои ду кишвапрро ба сатҳи ҳампаймонӣ  боло мебарад», – омадааст  дар гузориши  «Eurasia Today».

Аҳднома доираи васеи самтҳо – аз гуфтугӯҳои сиёсӣ то масъалаҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникиро дарбар мегирад.    

Зикр карда мешавад, ки ба ҳамоҳангсозии  мавқеҳои сиёсати хорҷӣ, вокуниши  муштарак ба чолишҳои минтақавӣ ва таҳкими субот дар Осиёи Марказӣ диққати махсус дода мешавад. Дар шароити афзоиши нооромиҳои геополитикӣ, чунин аҳдномаҳовоситаи асосии таъмини амният ва рушди устувори минтақа мегарданд.

Андозаи иқтисодии шарикӣ низ аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Ҳаҷми афзояндаи боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ равшан ба назар мерасад.

Соли 2025 гардиши мол байни ду кишвар  ҳудуди  1 миллиард долларро убур кард  ва ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки онро солҳои наздик ба 2 миллиард доллар расонанд.

Дар Аҳднома ба рушди долонҳои нақлиётӣ-логистикӣ таваҷҷӯҳи алоҳида дода шудааст. Душанбе ба афзоиши таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ ва тавсеаи имкониятҳои транзитӣ манфиатдор аст. Имрӯз беш аз ҳаштод фоизи содироти маҳсулоти меваву сабзавоти Тоҷикистон ба Қазоқистон рост меояд. Дар ин замина татбиқи лоиҳа оид ба таъсиси Марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон оид ба коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти аграрии содиротӣ   аҳамияти муҳим пайдо мекунад.

«Қазоқистон, ки дорои инфрасохтори пешрафта ва дастрасӣ ба хатсайрҳои байналмилалӣ мебошад, Тоҷикистонро шарики муҳим дар самти ҷануб мешуморад. Дар оянда, ин метавонад нақши минтақаро дар тиҷорати байналмилалӣ, алахусус дар заминаи ҷустуҷӯи хатсайрҳои алтернативӣ байни Осиё ва Аврупо тақвият диҳад», – навиштааст дар гузориши худ «Eurasia Today».

Ёдовар мешавем, ки айни замон бо Қазоқистон 5 хатсайри байналмилалии автомобилӣ оид ба интиқоли мусофирони амал мекунанд: «Хуҷанд  – Шимкент»,  «Хуҷанд – Ӯш  – Конир»,  «Бохтар  – Сарыгаш»,  «Хуҷанд  – Жибек Жоли» ва  «Хуҷанд  – Иргели».

                                                                                                                                                        Бознашр аз сомонаи mintrans.tj