ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Табрикоти директори муассиса бахшида ба муносибати рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022-10-06 04:09:34

Ҳамкорони азиз!

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад.

Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.

Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба чаҳониён муаррифӣ кардааст.

Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи "забони тоҷикӣ"-ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.

Бинобар ин, ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин, шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.

Имрӯз аҳли олам моро бо номи "тоҷикон", давлатамонро бо номи "Тоҷикистон" ва забонамонро бо номи "забони тоҷикӣ" мешиносанду эътироф мекунанд.

Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.