Конфронси байналмилалии Логистика ва афзалиятҳои он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа баргузор гардид.
2022-10-19 04:58:18
Чи тавре, ки иттилоъ дода будем санаи 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир гардид. Дар Конфронси байналмилалӣ намояндагони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, коршиносону мутахассисони соҳа, ташкилотҳои хориҷӣ, ширкатҳои ватанӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори конфронс маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои логистика, имконият ва дурнамои ҳамкориҳо, омӯзиши кадрҳои ҷавон дар ин самт, табодули таҷриба, мушкилиҳо ва роҳҳалҳои он ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Дар ҳошияи кори Конфронс вохуриҳои дуҷонибаи Вазири нақлиёт бо намояндагони кишварҳои Эрон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон баргузор гардид, ки дар вохури дурнамои ҳамкориҳо, мушкилиҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар Конфронс бори нахуст "Бонувон дар логистика" ширкат намуданд, ки дар сессияи 2-юм вохуриҳои махсус ташкил ва гузаронида шуд.
Аз ҷониби Вазорати нақлиёт озмуни беҳтарин корхонаи нақлиётӣ, ширкати нақлиётӣ, терминал, ширкати логистикӣ ва ронандаи беҳтарин эълон гардида буд, дар фарҷоми Конфронс ғолибон озмун аз ҷониби вазорати нақлиёт бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Тибқи барномаи кори Конфронс имрӯз санаи 19-уми октябр ширкаткунандагони Конфронс, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буданд аз манзараҳои таърихии Тоҷикистон дидан менамоянд.