ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дипломатияи нақлиётӣ то рафт вусъат меёбад.

2022-11-01 04:44:19

           Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Логистика ва афзалиятҳои он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа», ки 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд, доираи васеи роҳбарон ва намояндагони сохторҳои нақлиётии ИДМ ва кишварҳои хориҷӣ, мутахассисони роҳ ва нақлиёт, иркатҳои  логистикӣ, боркашонӣ, инчунин роҳбарону коршиносони як қатор ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ва махсусгардонидашудаи нақлиётӣ,  илмӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва воситахои ахбори омма ширкат варзиданд. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суханронии ифтитоҳии худ изҳор дошт, ки ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки дар самти беҳбуди ҳамкориҳои транзитӣ ва нақлиётӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ошноӣ пайдо хоҳад кард. Конфронси нақлиётӣ ба як платформаи муассир барои баррасии масъалаҳои мубрами танзими давлатии фаъолияти нақлиёт ва логистика, таълим ва омӯзиш дар соҳаҳои логистикӣ, аз ҷумла рақамикунонии инфрасохтори логистикӣ, ташкил ва рушди логистикаи технологӣ, омӯзиши аз тачриба рушди ширкатҳо ва марказҳои нақлиётию логистикӣ, нақши занон дар логистика, имкониятҳои иқтидори кадрии соҳа, табодули донишҳо, таҷриба, инноватсионии равишҳо, ҳалҳо оид ба таъмини устувории он, тавсияҳо оид ба беҳтар намудани нигоҳдории инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, тавсеаи дастгирии байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ҳамчун унсури муҳими занҷири логистикӣ дар ин замина нақши маҷмааи нақлиётиро дар рушди низоми логистикӣ афзоиш медиҳад,  дар ин самт бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, сармоягузориҳои хусусӣ, инчунин бо дастгирии ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои донор то имрӯз дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 60 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 2 миллиард доллари ИМА амалӣ карда шудааст. Натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ  ба маблағи беш аз 2 миллиард доллари ИМА мебошад. Натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба истифода додани беш аз 2400 километр роҳҳои байналмилалӣ ва дигар инфрасохтори наќлиётӣ, ки ҷавобгўи стандартҳои замонавӣ мебошад. Ҳамчунин, имрӯз корҳои ифтитоҳи долони мултимодалии Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия фаъолона идома доранд. Мо истифодаи ин долонро аз нигоҳи кам кардани масофа ва кам кардани арзиши ҳамлу нақли бор нисбат ба долонҳои мавҷуда самаранок мешуморем. Бартарии дигари ин долон пайвасти он тавассути шоҳроҳи қаламрави Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аст, ки ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат мекунад. Ин, дар навбати худ, рушди устувори минтақаро таъмин намуда, ба густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни кишварҳо ва мардумон мусоидат мекунад, таъкид кард дар табрикоти худ Вазири  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.