ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Семинари омӯзишии Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

2022-11-14 05:46:27

        Дар толори  маркази такмили ихтиссос ва бозомузии Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”  семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” доир гардид. Дар кори семинар директори муассиса Саломзода Раҳмиддин, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳот Зулфониён Раҳим, кормандони дастгоҳи марказии муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози семинар директори муассиса ҳозиринро хайрамақдам намуданд ва таъкид доштанд, ки эҳтирому гиромидошти забон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.  Ҳамчунин доир намудани чунин семинару машваратҳоро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуданд. Дар идомаи семинар мутахассиси соҳа аз Кумитаи забон ва истилоҳот Зулфониён Раҳим баромад намуданд ва оид ба муҳимияти забони давлатӣ, роҳи тай намудани он, мушкилиҳо ва дурнамои забони тоҷикиро  мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.  Қайд карда шуд, ки забони тоҷикӣ дар сатҳи давлатӣ мақоми расмӣ гирифта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати забони давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Дар ин самт Барномаи давлатии забони тоҷикӣ таҳия гардидааст, ки дар рушди соҳа мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон, дар қисмати охири семинар оид ба "Қоидаҳои забони тоҷикӣ" ва имлои нави забони тоҷикӣ ба иштирокчиёни семинар аз ҷониби мутахассис  шарҳ дода шуд. Дар охири семинар иштирокчиён баргузории чунин семинарро ба манфиати кор хонда, мунтазам доир намудани чунин семинарҳои омӯзишӣ  дар инкишофи забони давлатӣ нақши муҳим мебозад.