ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон

2022-11-18 06:42:48

    Дар санаи 17-18 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Конфронси Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамбастагӣ(иттисолот) дарвозаҳои глобалӣ" доир мегардад. Дар назар аст, ки директори Муассисаи давлатии " Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" Саломзода Раҳмиддин иштирок ва суханронӣ намояд. Тибқи иттилои дарёфтӣ дар кори Конфронс масъалаҳои рушди рақамикунонӣ, такмили имконоти ҳамбастагии нақлиёти Осиёи Марказӣ, нақлиёту комуникатсия, инчунин таҳкими робитаҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ дар доираи панелҳои " Рақамикунонӣ", " Дарвозаҳои нақлиётӣ" мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. 
         Ёдовар мешавем, ки чунин як Кофронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони " Логистика ва рушди афзалияти он дар робитаҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа" баргузор гардида буд. Коршиносони соҳа таъкид менамоянд, ки баргузории чунин Конфронсҳо дар рушди соҳа мусоидат хоҳад намуд.