ФАРМОИШ №194-31.08.2017
2022-05-11 06:30:57
Дар асоси муроҷиати ширкатҳои мусофиркашонӣ ба раёсати муассиса дар вилояти Суғд ҷиҳати баланд намудани ҳақи хизматрасонии мусофиркашонӣ бинобар баланд гардидани арзиши маводи сузишворӣ- гази моеъ ва дизелӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мактуб ирсол гардида, дар мувофиқа бо муассиса, ки тибқи муқаррарот нархи роҳкиро барои ширкатҳои мусофиркашонӣ дар шаҳри Хуҷанд 2-сомонию 50 дирам муқаррат гардид. Ин нархномаи нав танҳо ба нақлиётҳои мусофиркашонии дохили шаҳрӣ дахл дошта, нархномаҳои микроавтобусҳои беруназшаҳрӣ мисли пештара боқӣ мондааст. Нархномаи нави тасдиқгардида аз санаи 10-уми майи соли 2022 амалӣ мегардад.