Раёсатӣ Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Бохтар

Қурбонзода Раҳмоналӣ Миралӣ
(Н.Н. қаблӣ: Қурбонов Раҳмоналӣ Миралиевич)
Сардори Раёсатӣ Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Бохтар
18-сентябри соли 1973 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст, миллат тоҷик, маълумот олӣ. Аз соли 2015 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, соли 2025 вакили маҷлиси вакилони шаҳри Левакант интихоб гардид. Оиладор, падари панҷ фарзанд.
Маълумот оид ба таҳсил:
- Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав ш. Бохтар.
- Давраи таҳсил: 1991 - 1995с.
- Соҳаи таҳсил: Педагогига ва психология
- Ихтисос: Омӯзгори самти педагогига ва психология
- Шакли таҳсил: Рузона
- Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав дар ш.Бохтар.
- Давраи таҳсил: 2020 - 2025с.
- Шакли таҳсил: Ғоибона
- Ихтисос: Ташкили ҳамлу нақл дар нақлиёти автомобили.
Собиқаи кори:
- 1997с. Нозири нозироти андози шаҳри Левакант.
- 1997-2000с. Сардори истгоҳи мусофирбарӣ н.Ҷиликул.
- 2000-2009с. Сардори истгоҳи мусофирбарии ш.Левакант.
- 2009-2012с. Сардори ҶДММ “Терминали Сарбанд” дар назди ҶСП СИТ “Рушди Хатлон”.
- 2012 - 2015с. Сардори ҶДММ “Сафари-К”-и ш.Бохтар.
- 2015-2017с. Сардори ҶДММ “Терминали Сорбон-Қалъа”-и н.Қубодиён.
- 2017-2020 с. Сардори ҶДММ “Терминали Сарбанд” дар назди ҶСП СИТ “Рушди Хатлон”.
- 2020 с. то инҷониб Сардори Раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и минтақаи Бохтар.
Дастовардҳо ва маълумотҳои дигар:
Забонҳои тоҷикӣ ва русиро хуб ва англисиро дар сатҳи миёна медонад.
Ифтихорномаи нақлиётчии фахрии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлонро дорад.
Малакаи кор бо компютер (маҷмӯи барномаҳои MS Office, ва ғайра)-ро дорад.
