ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вазифаҳои шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ


Шуъба мутобиқи низомнома (амал) ё фаъолият намуда вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

1. Назорат ва танзими сомонаи муассиса ва инъикоси маълумотҳои зарурии соҳа.

2. Ҷамъоварӣ ва пешниҳоди  маълумотҳо, хабарҳо ба директори муассиса дар самти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ.

3. Ҳамоҳанг сохтани ҳамкориҳо бо шӯъбаи иттилоот ва коргузории Вазорати нақлиёт ва дигар корхонаҳо.

4. Гирифтани иттилоот бо тартиби муқарраргардида аз ташкилотҳои соҳаи нақлиёт новобаста ба шакли моликият оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти онҳо, тибқи намунаҳои тасдиқнамудаи мақомоти омор ва Вазорат.

5. Назорати тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Муассиса ва зерсохторҳои он.

6. Анҷоми корҳо оид ба компютеркунонӣ, пешбурд ва маҳфуз доштани махзани маълумот оид ба комплекси нақлиётӣ ва феҳристи иттилоотии субъектҳои он, ташкили таъминоти иттилоотии соҳаҳои нақлиёт.

7. Таҳия ва назорати ҳуҷҷатҳои  ташкилию амрдиҳӣ.

8. Тартиби таҳия ва барасмият даровардани протоколҳо, маълумотномаҳо, гузоришҳо, санадҳо, барқияҳои Муассиса.

9. Назорат ва тартиби гардиши  ҳуҷҷаҳои содиротӣ - воридотӣ ва дохилӣ 10.Бақайдгирии ҳуҷҷатҳо тибқи замимаҳои дастурамали когузории вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои амалкунанда.

11. Ташкили назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои директори муассиса.

12. Тартиб додани феҳрист ва ташкил намудани парвандаҳо.

13. Таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳои Шуъба дар муассиса.

14. Назорат ва санҷиши ҳуҷҷатҳои коргузории зерсохторҳои муассиса

15. Иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассиса вобаста ба пешбурди сиёсати нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ.