Раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар вилояти Суғд

Тоирзода Ҷаҳонгир Талбак
(н.н. қаблӣ Тоиров Ҷаҳонгир Талбакович)
Сардори Раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар вилояти Суғд
22 декабри соли 1975 дар ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллат тоҷик, маълумот олӣ, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, падари 6 фарзанд.
Маълумот оид ба таҳсил:
1) Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
- Давраи таҳсил: 1996 - 2002 с.
- Шакли таҳсил: ғоибона
- Тахассус: иқтисодчӣ
2) Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Давраи таҳсил: 2022 с.
3) Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ
- Давраи таҳсил: 2024 с.
- Шакли таҳсил: фосилавӣ
- Тахассус: ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ
Собиқаи корӣ:
1994 - 1999 с. Корманди бригадаи №3 Совхози ба номи Ленин, н.Данғара
1999 - 2000 с. Муҳосиби шӯъбаи иқтисодии Совхози ба номи Ленин
2000 - 2004 с. Директори ҶДММ «Силсила»
2004 - 2007 с. Мудири шӯъбаи захираи КФ “Бозори Деҳқон”
2007 - 2013 с. Муовини директори бозори “Шоҳмансур”
2013 - 2015 с. Директори ҶДММ «Силсила»
2015 - 2017 с. Директори филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи Ваҳдат
2017 - 2017 с. Мушовири директори ҶДММ “Силсила”
2017 - 2017 с. Ҷонишини директори ҶДММ «Сомон таъминот»
2017 - 2018 с. Муовини директори КВД “Бозори Деҳқон”-и Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе
2018 - 2021 с. Муовини раиси Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд
2021 - 2022 с. Директори марказии савдои ҶСП “Сомон Суғд”
2022 - 2023 с. Директори ҶСК Хоҷагии нақлиёти № 2 кооператсияи
К. Хуҷандӣ
2023 с. то ҳол Сардори Раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти
авмомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар вилояти Суғд
Дастовардҳо ва маълумотҳои дигар:
Забонҳои тоҷикӣ, русиро хуб ва ангилисиро дар сатҳи луғатӣ медонад.
- 2023 с. Сипосномаи Ташкилоти Ҷамъияти хайриявии “Сипарони Ватан”;
- 2024 с. Ифтихорномаи Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрсонии логистикӣ”-и Вазорати Нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2024 с. Сипосномаи Раиси вилояти Суғд;
- 2025 с. Ифтихорномаи Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзими дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд;
- 2025 с. Нишони сарисинагии «Нақлиётчии фахрӣ».
