ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”

                                           

 

                                                         

                                                  Иззатуллозода Муҳриддин

(Н.Н. қаблӣ: Сайдаҳмадов Муҳриддин Иззатуллоевич)

Сардори Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

04 январи соли 1978 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст, миллат тоҷик, маълумот олӣ. Аз соли 2006 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, падари панҷ фарзанд.

Маълумот оид ба таҳсил:

  1. Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон шаҳри Душанбе.
  • Давраи таҳсил: 1997 – 2002 с.
  • Шакли таҳсил: мутахассис.
  • Тахассус: Иқтисоддон Менеҷер.
  • Ихтисос: Иқтисод ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо ва хӯроки омма.
  1. Донишкадаи тахассусии идоракунии шаҳри Москваи Федератсияи Россия.
  • Давраи таҳсил: 2008 – 2012 с.
  • Шакли таҳсил: мутахассис.
  • Тахассус: Ҳуқуқшинос.
  • Ихтисос: Ҳуқуқи гражданӣ.

Собиқаи корӣ:

* Соли 2002 муҳосиб дар ҶСШК  «Азот»-и  шаҳри Сарбанд.

* Солҳои 2002 – 2007 муҳосиб дар Корхонаи Муштараки «Тоҷик Азот» шаҳри Сарбанд.

* Солҳои 2002 – 2007 Сармуҳосиби Кумитаи иттифоқи касабаи  КМ «Тоҷик Азот» шаҳри Сарбанд.

* Аз 14.03.2014 – 02.02.2015 Мутахассиси Раёсати ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

* Аз 03.02.2015 – 11.06.2015 Сармутахассиси Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон.

*  Аз 15.06.2015 – 24.12.2016 Сардори қитъаи №3-и ҶСК «Сомон-Сервис»-и  шаҳри Душанбе.

* Аз 26.12.2016 – 11.07.2019 Сардори шуъбаи экспедитсионӣ ҶСП «Тоҷиквнештранс»-и шаҳри Душанбе.

* Аз 01.08.2019 – 15.01.2021 Муовини директори ФҶДММ «ДАТ транс»-и шаҳри Душанбе.

Аз 18.01.2021 то 21.10.2021  Сардори шуъбаи нозиротӣ ва иҷозатномадиҳии Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон.

* Аз 22.10.2021 то 01.12.2022  Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи марказӣ Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон.

* Аз 01.12.2022 то 01.03.2023 Сардори шуъбаи гузаргоҳи сарҳадии Зафаробод-Ҳавотоғи Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон.

* Аз 02.03.2023 то 11.03.2024 Сармутахассис (нозири кадрҳо)-и  Раёсати минтақавӣ дар минтақаи Рашт Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон.

* Аз 13.03.2024 то 19.08.2024 Сармутахасиси шуъбаи мониторинги санҷишҳои РТНИИ ва МС-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

* Аз 19.08.2024 то 27.07.2025 Ҳуқуқшинос дар ҶСК «Сомон-Сервис»  шаҳри  Душанбе.

* Аз 28.07.2025 то ҳол сардори Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ Муассисаи давлатии “Нақлиёти  автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”

        

Дастовардҳо ва маълумотҳои дигар:

Забонҳои тоҷикӣ хуб, русиро миёна ва англисиро  бад медонад.

Соли 2007 - Ифтихорномаи кумитаи иҷрояи шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2019-  Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2021 - Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сертификаҳо оид ба курсҳои омӯзишӣ ва гузариш аз курсҳои такмили ихтисос ва ғайра – зиёда аз 7 адад.

Малакаи кор бо компютер (маҷмӯи барномаҳои MS Office) - ро дорад.