Муовини директор

Ғуломзода Камол Ҳикмат
(Н.Н. қаблӣ: Гулямов Камол Ҳикматович)
Муовини директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 августи соли 1989 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст, миллат тоҷик, маълумот олӣ, дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ. Аз соли 2016 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, падари панҷ фарзанд.
Маълумот оид ба таҳсил:
- Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.
- Давраи таҳсил: 2007 – 2012 с.
- Шакли таҳсил: мутахассис
- Тахассус: муҳандис – электромеханик
- Ихтисос: 1804 - Ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ, автоматикаи дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ
- Донишгоҳи давлатии техникии автомобиливу роҳҳои шаҳри Москва (МАДИ)
- Давраи таҳсил: 2014-2018 с
- Шакли таҳсил: аспирантура
- Унвон ва дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
- Ихтисоси илмӣ: 05.09.03 - Комплексҳои электротехникӣ ва системаҳо
- Мавзӯи рисолаи илмӣ: “Таҷҳизоти энергетикии нақлиёти барқӣ бо системаи табдилдиҳии бисёрканалаи шиддати доимӣ” (Энергетическая установка электромобиля с системой многоканального преобразования постоянного напряжения)
Собиқаи кори:
- 2012 с. Мутахассиси пешбари шуъбаи энергетика ва таъмини гармии Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»
- 2012-2014 с. ассистенти кафедраи “Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ”-и Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;
- 2018-2020 с. ассистенти кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрӣ ва мошинҳои электрӣ», мутахассиси пешбари шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;
- 2020 с. то ҳол Муаллими калони кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ»-и Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;
- 2020-2022 с. мудири шуъбаи “Инноватсия ва нашрияҳои илмӣ”-и Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;
- 2022-2025 с. сардори шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ, лоиҳаҳо ва равобити байналмилалии Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” -и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2025 с. то ҳол Муовини директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гузариш аз курси такмили ихтисос:
- Курси такмили ихтисос дар мавзӯи: Педагогикаи муҳандисӣ, вақти таҳсил 2015 с. Ҷойи таҳсил - Донишгоҳи давлатии техникии автомобиливу роҳҳои шаҳри Москва, ш. Москва
- Курси такмили ихтисос дар мавзӯи: Энергетика, вақти таҳсил 2022 с. Ҷойи таҳсил - Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Душанбе
- Курси омӯзиши барои дастрасӣ ба блок-чейн платформаи "TradeLens" вобаста татбиқи пилотии Ҳуҷҷати глобалии транзитии GTrD (dNETTM), вақти таҳсил – 2022 с. Ҷойи таҳсил - Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ, ш. Алмаато
- Курси такмили ихтисос дар мавзӯи: Логистикаи байналмилалӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ, вақти таҳсил – 2023 с. Ҷойи таҳсил - Мактаби Шанхай оид ба бизнес (Shanghai Business School), ш. Шанхай
- Курси такмили ихтисос дар мавзӯи: баланд бардоштани сатҳи омӯзиш, вақти таҳсил 2024 с. Ҷойи таҳсил - Институти Шоҳигарии Логистика ва Нақлиёт (CILT).
Дастовардҳо ва маълумотҳои дигар:
Забонҳои тоҷикӣ ва русиро хуб ва англисиро дар сатҳи миёна медонад.
Муаллифи зиёда аз 25 маводи таълимӣ-методӣ ва илмӣ, аз он ҷумла, иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, муаллифи мақолаҳо дар маҷаллаҳои хориҷии дар базаи Scopus (9 адад) ҷойдошта мебошад. Инчунин муаллифи 1 адад монография ва 3 маводи таълимӣ-методӣ (китоби дарсӣ) мебошад.
Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ифтихорномаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, ифтихорномаи МД “НА ва ХЛ”, сипосномаҳо, сертификаҳо оид ба курсҳои омӯзишӣ ва гузариш аз курсҳои такмили ихтисос ва ғайра – зиёда аз 25 адад.
Малакаи кор бо компютер (маҷмӯи барномаҳои MS Office, барномаи муҳандисии Matlab/Simulink ва ғайра)-ро дорад.
Дар иҷрои лоиҳаи кафедраи «Электротехника ва дастгоҳҳои барқӣ» - и Донишгоҳи давлатии техникии роҳҳову автомобилии шаҳри Москва (МАДИ) дар мавзӯи «Лоиҳакашӣ ва иҷрои даври пурраи технологии табдилдиҳии нақлиёти автомобилии оддӣ ба нақлиёти барқии дорои тавсифоти баланди кашишу динамикӣ ва нишондодҳои баланди бехатарии экологӣ» иштирок кардааст.
