ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ фаъолияти нақлиётӣ – экспедитсионӣ ва назорати бехатарӣ

Бобиев Раҷабали Саидшоевич

  Сардори шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омори муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 октябри соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллат тоҷик, маълумот олӣ. Оиладор, падари як фарзанд.

Маълумот оид ба таҳсил:

1) Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологиии Қазон, Институти химияву технологиии Қазон (КНИТУ – КХТИ)

  • Давраи таҳсил: 2015 – 2019 с.
  • Шакли таҳсил: бакалавр
  • Тахуссус: Муҳандиси технологӣ
  • Ихтисос: 15.03.02 – Мошинҳо ва таҷҳизоти технологӣ

2) Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.

  • Давраи таҳсил: 2025 – 2027 с.
  • Шакли таҳсил: магистратура
  • Ихтисоси илмӣ: 44.01.01Б – Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ
  • Мавзӯи рисолаи илмӣ: “Татбиқи низоми зеҳнии идоракунии нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ ва арзёбии самаранокии он” (Внедрение интеллектуальной системы управления городским пассажирским транспортом и оценка её эффективности)

Собиқаи корӣ:

  • 2019 с. гурӯҳи ширкатҳои “Barssport” ёрдамчии муҳандис танзимгари таҷҳизот (чопи гармӣ), шаҳри Қазон, Федератсияи Россия;
  • 2020 – 2023 с. ронандаи ширкати “Яндекс такси”, шаҳри Қазон, Федератсияи Россия;
  • 2023 с. мудири бахши навбатдории шуъбаи “Таъмир ва корҳои механикӣ” Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Қазон “Корхонаи нақлиёти автомобилии мусофиркашонии №2”;
  • 2024 с. мутахассиси пешбарӣ шуъбаи “танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор”-и Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомобилӣ”-и назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2024 с. сармутахассиси шуъбаи “Рушди хизматрасониҳои логистикӣ, лоиҳаҳо ва равобити байналмилалии”-и Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомобилӣ”-и назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2025 с. директори ҶДММ “Сомон такси боркашонӣ”;
  • 2025 с. то ҳол сардори шуъбаи “Танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор”-и МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гузариш аз курси такмили ихтисос:

  • Курси такмили ихтисос дар мавзӯи: Ташкил ва анҷомдиҳии ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ дар дохили ҷумҳурӣ, вақти таҳсил – 2024с. Ҷойи таҳсил – Маркази омодасозӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо “БАМАП – ВЕДЫ” , Ҷумҳурии Беларус, ш. Минск (сертификат оид ба такмили ихтисос);
  • Курси такмили ихтисос дар мавзӯи: Бехатарии ҳамлу нақли борҳои хатарнок бо нақлиёти автомобилӣ, вақти таҳсил – 2024с. Ҷойи таҳсил – Маркази омодасозӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо “БАМАП – ВЕДЫ” , Ҷумҳурии Беларус, ш. Минск (сертификат оид ба такмили ихтисос);
  • Курси такмили ихтисос дар мавзӯи: Тахографҳои рақами, вақти таҳсил – 2024 с. Ҷойи таҳсил – Маркази таълимӣ ва илмӣ-истеҳсолии Ассотсиатсияи боркашонњои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “АВВАТ” (сертификат оид ба такмили ихтисос).

Дастовардҳо ва маълумотҳои дигар:

Забонҳои тоҷикӣ ва русиро хуб ва англисиро дар сатҳи миёна медонад. Малакаи кор бо компютер (маҷмӯи барномаҳои MS Office, ва ғайра)-ро дорад.