Амалиёти муштараки “Роҳхату борхат” дар минтақаи Кӯлоб
2023-04-28 07:27:41
Раёсати муассисаи
давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и минтақаи Кӯлоб, дар
якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёт, дар
шаҳр ва ноҳияҳои минтақа амалиёти “Роҳхату борхат”-ро ба роҳ монданд. Зимни гузаронидани рейди муштарак 300 адад
воситаи нақлиёт мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбат ба 31 нафар ронанда бо моддаҳои 323, 511
ва 510 протоколҳои ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин давоми
гузаронидани амалиёти мазкур 2188 адад
роҳхат, аз он 655 адад роҳхати 2Б (боркашони) ва 1533 адад
роҳхати 3С (сабукрав), 621 баста заммаи 1 ва 100 баста заммаи 2 ба ронандагон дастрас гардид.
Ҳадаф аз
гузаронидани амалиёти мазкур, риояи талаботи Қоидаҳои истифодабарии варақаҳҳои
роҳхату борхат ва назорати омӯзиши дарсҳои 20-соатаи Қоидаҳои ҳаракат
дар роҳ миёни ронандагони ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ мебошад.