Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"
Menu
Асосӣ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба шакли роҳхатҳо, тартиби баровардан, пур намудан,истифода ва коркарди онҳо
Гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандаҳо
Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур намудан,истифода ва коркарди борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархнома
Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандаҳо
Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон.
ҚОИДАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ОИД БА ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БОРИ ДАСТИВУ БАҒОҶ БО НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Корти рақамии тахограф
Международная транспортная накладная CMR (ЦМР)
Роҳхати байналмилалӣ (5B-BM)
Рақамикунонӣ
Замимаи мобилӣ
Руйхати корхонаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ
Корхонаҳо
Рӯйхати хатсайрҳо
Дар бораи мо
Роҳбарият
Муовини аввал
Муовин
Шӯъбаҳо
Шӯъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шӯъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Маркази бозомузӣ ва такмили ихтисос
Иттилоот
Сертификати авиатсияи гражданӣ
Хулосаи сӯхтор
Хулосаи санитарӣ
Иҷозатномаи марказ
Корхонаҳои нақлиётӣ
Шӯъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсатҳо
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
Сохтор
Лоиҳаҳо ва Конференсияҳо
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
Лоиҳаҳои муассиса
Коридори Нақлиёт
Тамос
Previous
Next
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мулоқот намуданд
2023-07-20 04:05:35
|
Диданд: 54
19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нахустин нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд аз пазироӣ ва ба ҷониби Арабистони Саудӣ барои ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳмоннавозии самимӣ сидқан изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо нишасти аввалинро дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири робитаҳою машваратҳои ду минтақа арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои он ба тақвияти риштаҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкории судманди ҷонибҳо мусоидати муассир хоҳанд намуд. Зимни мулоқот тарафҳо аз роҳандозӣ ва тақвияти муколамаи стратегӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намуданд. Зимни мулоқот масоили ҳамкории ду давлат дар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд, таҳкими робитаҳои ҳасана, нақши хоссаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо муҳокима гардид.Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ба рушду густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Кумитаи муштараки дӯстии парлумонӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Форуми сармоягузории ду мамлакат ва Фонди рушди саудӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан, аз самтҳои барои ҳарду ҷониб судовар арзёбӣ гардид.
Ҷалби сармояи саудӣ барои рушди бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ки дорои захираву имконияти фарох аст, зарур шумурда шуд.
Тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ омили муҳимми таҳкими дӯстии безаволу бародарии байни мардумони ду мамлакат маънидод гардид.
Ҷонибҳо зимни суҳбат ҳамчунин масъалаи рушду таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои илму маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ ва варзишу ҷавонон баррасӣ намуданд. Густариши ҳамкории кишварҳо дар арсаи амниятӣ, аз ҷумла ҷиҳати муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо атрофи онҳо табодули афкор намуданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел