Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст
Menu
Асосӣ
Муассиса
Таърих ва маълумот оиди муассиса
Сохтори муассиса
Роҳбарияти муассиса
Директор
Муовини аввал
Муовин
Муқовимат бо коррупсия
Муроҷиат ба муассиса
Раёсатҳо ва шӯъбаҳо
Маҷаллаи "Роҳ ва нақлиёт"
Шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе ва НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Кодекси нақлиёти автомобилии ҶТ
Қоидаи гузаронидани (тендер) хатсайрҳо
Қоидаи истифодаи роҳхат ва борхатҳо
Дастурамали истифодабарии борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархномаи муассиса
Замимаи мобилӣ
Тендерҳо (оид ба вобастакунии хатсайрҳо)
Эълони тендерҳо
Қоидаи гузаронидани тендер
Корти рақамии тахограф
Корхонаҳо
Ширкатҳои боркашони дохили Тоҷикистон
Ширкатҳои боркашони байналмилалӣ
ШИРКАТҲОИ ЛОГИСТИКӢ ВА ЭКСПЕДИТСИОНӢ
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаҳо
БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ СОҲАВӢ
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
ЛОИҲАҲО
Робитаҳои байналмилалӣ
Фаъолияти илмӣ
Тадқиқотҳои илмӣ
ОЗМУНҲО
ЧОРАБИНИҲО
МАҶАЛЛАИ “РОҲ ВА НАҚЛИЁТ”
Маълумоти умумӣ оиди маҷалла
Санадҳои вобаста ба маҷалла
Тартиби пешниҳоди мавод
Тамос
Previous
Next
ФОРУМИ ҶАҲОНИИ НАҚЛИЁТИ УСТУВОР-2023. Вазири нақлиёти Тоҷикистон қабули барномаи махсуси рушди нақлиёт дар шароити кӯҳсорро дар доираи СММ пешниҳод намуд
2023-10-02 07:57:28
|
Диданд: 324
26 сентябри соли равон, дар доираи “Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор-2023”, ки дар шаҳри Пекин (ҶМЧ) барзузор шуд, Мизи мудаввари вазирон дар мавзӯи “Идоракунии глобалӣ: сохтани шарикии глобалӣ” доир гардид, ки дар он вазирони нақлиёти зиёда аз 30 давлати дунё иштирок доштанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суҳбати “мизи мудаввар” ба сухан баромада, роҷеъ ба нақлиёти устувор ҳамчун системаи возеҳ ва муассир изҳори назар намуд ва таъкид сохт, ки системаи устувори нақлиёт бояд ба таъмини дастрасӣ ва қонеъ гардонидани талаботи одамон мусоидат намояд. Мавсуф ёдовар шуд, ки дар доираи ҷаласаи умумии 70-уми сессияи 77-уми Ассамблеяи Генералии СММ, ки 16 майи соли 2023 баргузор шуд, қатъномае қабул гардид, ки тибқи он 26 ноябр Рӯзи Ҷаҳонии Нақлиёти Устувор эълон карда шуд.“Ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ”имсол даҳсола мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва ҷонибдори боэътимоди ташаббуси Чин мебошад. Мо яке аз аввалинҳо шуда, онро дастгирӣ кардем ва итминон дорем, ки татбиқи он омили муҳими рушди устувори кишварҳои мо хоҳад гардид»,- гуфт Азим Иброҳим. Вазири нақлиётм Тоҷикистон диққати иштирокчиёни “мизи мудавар”- ро ба он ҷалб намуд, ки таъсиси шабакаи самараноки ҳамгирошудаи нақлиётӣ ҳамкории байналмилалиро талаб мекунад. Идома ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти комиссияҳои минтақавии Созмони Милали Муттаҳид қадами муҳим дар таъмини дурнамои мусоид барои ояндаи соҳаи нақлиёт хоҳад буд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад.
Масъалаи муҳиме, ки аз ҷониби Вазири нақлиёти ҶТ дар суҳбати “мизи мудавар” ба миён гузошта шуд, дастрасии нақлиёт дар шароити мушкили куҳсор мебошад. “Таъмини бехатарии интиқоли одамон ва борҳо ба чунин ҷойҳо масъалаи муҳим аст, ки муносибати сифатан навро талаб мекунад”, - афзуд Азим Иброҳим.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон чунин мешуморад, ки бо назардошти аҳамияти нақши нақлиёт дар беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии ноҳияҳои дорои шароити махсус қабули барномаи махсуси рушди нақлиёт дар шароити кӯҳсор дар доираи СММ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Нақлиёти Устувор мувофики мақсад хоҳад буд.
Инчунин, пешниҳод гардид, ки Барномаи махсуси сохтмон ва навсозии иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва канори роҳ, хусусан дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ қабул карда шавад.
“Мо ҳамеша омодаем ҳамкориҳои байналмилалиро дар бахши нақлиёт тибқи Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 тақвият бахшем”,- гуфт дар интиҳои суханронии худ Азим Иброҳим.
Бознашр аз сомонаи
mintrans.tj
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел