Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст
Menu
Асосӣ
Муассиса
Таърих ва маълумот оиди муассиса
Сохтори муассиса
Роҳбарияти муассиса
Директор
Муовини аввал
Муовин
Муқовимат бо коррупсия
Муроҷиат ба муассиса
Раёсатҳо ва шӯъбаҳо
Маҷаллаи "Роҳ ва нақлиёт"
Шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе ва НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Кодекси нақлиёти автомобилии ҶТ
Қоидаи гузаронидани (тендер) хатсайрҳо
Қоидаи истифодаи роҳхат ва борхатҳо
Дастурамали истифодабарии борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархномаи муассиса
Замимаи мобилӣ
Тендерҳо (оид ба вобастакунии хатсайрҳо)
Эълони тендерҳо
Қоидаи гузаронидани тендер
Корти рақамии тахограф
Корхонаҳо
Ширкатҳои боркашони дохили Тоҷикистон
Ширкатҳои боркашони байналмилалӣ
ШИРКАТҲОИ ЛОГИСТИКӢ ВА ЭКСПЕДИТСИОНӢ
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаҳо
БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ СОҲАВӢ
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
ЛОИҲАҲО
Робитаҳои байналмилалӣ
Фаъолияти илмӣ
Тадқиқотҳои илмӣ
ОЗМУНҲО
ЧОРАБИНИҲО
МАҶАЛЛАИ “РОҲ ВА НАҚЛИЁТ”
Маълумоти умумӣ оиди маҷалла
Санадҳои вобаста ба маҷалла
Тартиби пешниҳоди мавод
Тамос
Previous
Next
ҶАШНИ МЕҲРГОН. Дар Душанбе 15 октябр Иди Меҳргон бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад
2023-10-12 03:27:17
|
Диданд: 349
15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, дар бора АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттиллои манбаъ, ҳамчунин 15 октябр дар мамлакат Рӯзи кишоварзон маҳсуб мешавад. Набояд фаромӯш намуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ба таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи хӯрокворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Барномаҳои ҷашнӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт соати 09:00 оғоз меёбанд. Дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, ҳунармандони мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Зеро Меҳргон ҷашне аст, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишот ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукуҳи он башорати рӯзгори босаодат аст.Ҳамчунин дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд. Дар намоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар ҷумҳурӣ Иди Меҳргон чун иди миллӣ таҷлил мешавад. Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайра аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор менамуданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд. Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад. Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз намуда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ менамуданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод мегуфтанд». Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Ан ин рӯ ин ҷашн ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хосса дар мамлакат таҷлил мешавад.Меҳргон воқеан ҳам ҷашни мардумӣ буда, маҳбубияти он аз замонҳои бостон то ба рӯзгори мо расидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел