Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"
Menu
Асосӣ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба шакли роҳхатҳо, тартиби баровардан, пур намудан,истифода ва коркарди онҳо
Гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандаҳо
Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур намудан,истифода ва коркарди борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархнома
Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандаҳо
Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон.
ҚОИДАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ОИД БА ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БОРИ ДАСТИВУ БАҒОҶ БО НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Корти рақамии тахограф
Международная транспортная накладная CMR (ЦМР)
Роҳхати байналмилалӣ (5B-BM)
Рақамикунонӣ
Замимаи мобилӣ
Руйхати корхонаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ
Корхонаҳо
Рӯйхати хатсайрҳо
Дар бораи мо
Роҳбарият
Муовини аввал
Муовин
Шӯъбаҳо
Шӯъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шӯъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Маркази бозомузӣ ва такмили ихтисос
Иттилоот
Сертификати авиатсияи гражданӣ
Хулосаи сӯхтор
Хулосаи санитарӣ
Иҷозатномаи марказ
Корхонаҳои нақлиётӣ
Шӯъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсатҳо
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
Сохтор
Лоиҳаҳо ва Конференсияҳо
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
Лоиҳаҳои муассиса
Коридори Нақлиёт
Тамос
Previous
Next
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2023-11-01 04:15:43
|
Диданд: 55
27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 муҳокима гардид. Лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ барои соли оянда бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи мутавозини сиёсати макроиқтисодӣ, буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2024 ва дурнамои он барои солҳои 2025 - 2026 супориш доданд, ки як қатор тадбирҳои мушахасро амалӣ намоянд. Аз ҷумла, иҷрои барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат сари вақт, пурра ва сифатнок таъмин карда шаванд, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи вазифаҳои муҳимми давлатӣ иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 - 2026 таъмин гардад ва истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида таъмин карда шавад. Аз рӯи масъалаи якум ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026 ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Сипас, дар кори маҷлис як қатор лоиҳаҳои қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Дар бораи Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, баррасӣ шуданд.
Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Манбаъ:
www.president.tj
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел