Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст
Menu
Асосӣ
Муассиса
Таърих ва маълумот оиди муассиса
Сохтори муассиса
Роҳбарияти муассиса
Директор
Муовини аввал
Муовин
Муқовимат бо коррупсия
Муроҷиат ба муассиса
Раёсатҳо ва шӯъбаҳо
Маҷаллаи "Роҳ ва нақлиёт"
Шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе ва НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Кодекси нақлиёти автомобилии ҶТ
Қоидаи гузаронидани (тендер) хатсайрҳо
Қоидаи истифодаи роҳхат ва борхатҳо
Дастурамали истифодабарии борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархномаи муассиса
Замимаи мобилӣ
Тендерҳо (оид ба вобастакунии хатсайрҳо)
Эълони тендерҳо
Қоидаи гузаронидани тендер
Корти рақамии тахограф
Корхонаҳо
Ширкатҳои боркашони дохили Тоҷикистон
Ширкатҳои боркашони байналмилалӣ
ШИРКАТҲОИ ЛОГИСТИКӢ ВА ЭКСПЕДИТСИОНӢ
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаҳо
БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ СОҲАВӢ
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
ЛОИҲАҲО
Робитаҳои байналмилалӣ
Фаъолияти илмӣ
Тадқиқотҳои илмӣ
ОЗМУНҲО
ЧОРАБИНИҲО
МАҶАЛЛАИ “РОҲ ВА НАҚЛИЁТ”
Маълумоти умумӣ оиди маҷалла
Санадҳои вобаста ба маҷалла
Тартиби пешниҳоди мавод
Тамос
Previous
Next
Табрикоти директори МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2023-11-24 11:35:19
|
Диданд: 403
Ҳамкорони гиромӣ !
Имрӯз дар сартосари Ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи шуморо ба Рӯзи парчами давлатӣ муборакбод менамоям. Парчами давлатӣ яке аз се рамзи давлатӣ буда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дасдиқ ва қабул гардидааст. Парчами давлатии мо аз рангҳои махсуси маънодори сурх, сафед ва сабз иборат мебошад, ки ҳар кадоми рангҳо маънои хос доранд. Дар мобайни Парчам рамзи тоҷ ва ситораҳо дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Дар хусуси маънову мафҳуми рангҳои Парчам дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати “Рӯзи парчам” аз 23-юми ноябри соли 2010 махсус ишора намуда, рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва ишора намуданд, ки ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу, ранги сабз–нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мавриди зикр аст, ки Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ тасдиқ ва қабул гардид. Қабули Парчами давлатӣ барои мардуми сарфарози Тоҷикистон аз санаи муҳиму таърихӣ ба шумор рафта, ҳамасола дар кишвари азизамон бо тантана таҷлил мегардад. Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар қатори дигар муқаддасоти давлатӣ дар замири мардуми Тоҷикистон шӯълаи умеду бовариро тавлид намудааст. Парчами давлатӣ тибқи Қонуни ҶТ дар бораи рамзҳои давлати яке аз аввалинҳо буда, инъикосгари таърихи куҳан доштани мардуми тоҷик мебошад. Тавре ҳамаи мову Шумо медонем, мардуми тоҷик аз замонҳои қадим соҳиби парчам буданд, ки яке аз нишонаи барҷастаи он “Дирафши Ковиёнӣ” маҳсуб меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати мамлакат бо қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе яке аз калонтарин Парчами дунё қомат барафрохт, ки тамоми мардуми Тоҷикистон онро ҳамчун рамзи давлатдории навин ва озодиву истиқлол қабул намуданд. Парчам рамзи озодӣ ва истиқлол буда, дар болои биноҳои вазорату кумитаҳо ва ҳатто бисёре аз шаҳрвандон дар болои манзилҳои истиқоматиашон ҳамчун муқаддасоти миллӣ бо ифтихор меовезанд. Парчами давлатии мо баъди ҳазор сол дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври расмӣ нишонаи давлатдорӣ дубора эҳё гардид. Моро зарур аст, ки ин муқаддасоти миллиро дар баробари Ватан ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз, ҳимоя ва эҳтиром намоем.
Дар ҷоҳонӣ имрӯза дар шароити “зудтағйирёбанда ва пешгӯишанаванда” ҳифзи Парчам вазифаи ҳар як мардуми ватандӯсту ватанпарвар мебошад.Шукри истиқлолу озодӣ, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар зери Парчами давлатӣ ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ доранд.
Парчами давлатӣ омили таҳкимбахш ва мутаҳидсоз буда, барои ҳамаи мову Шумо воситаи раҳнамунсоз дар татбиқи Ҳадафҳои Стратегиии давлатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба ин васила ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Барои мо аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ хизматрасонии логистикӣ” зери Парчами озодиву истиқлол кору фаъолият намудан ифтихор ва мояи сарфарозист.
Ҳамкорони гиромӣ !
Дар охир мехо
ҳам махсус қайд намоям, ки ҳифзи Парчами давлатӣ қарзи имониву виҷдонии ҳар як сокини Тоҷикистони азиз аст. Пас моро мебояд дар ҳифзи Парчам ва эҳтирому арҷгузории он дар маҷмӯъ баҳри ободиву созандагии Тоҷикистони азиз талошу кӯшиши дучанд намоем.
Дар фарҷом бори дигар ба ҳамаи Шумо Рӯзи Парчами давлатиро муборакбод гуфта, ба Шумо саодату сарфарози ва дар хонадонатон файзу баракати рӯзафзун таманно дорам.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатӣ муборак ҳамкорони азиз!
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел