ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Дар Екатеринбург мағозаи интернетии молҳои миллии тоҷикӣ ба фаъолият оғоз намуд

2023-12-06 12:02:04 | Диданд: 366

Дар Екатеринбург ширкати маҳаллии «Тоҷ бозор» мағозаи интернетии молҳои миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург иттилоъ медиҳад. Захираи интернетӣ бо мусоидати фаъолонаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Урал ва соҳибкори муваффақи шаҳри Екатеринбург Зуҳал Муродов ба фаъолият шуруъ намуд. Иттиллоъ дода мешавад, ки дар мағозаи интернетӣ шумо метавонед маҳсулоти миллии тоҷикӣ: навъҳои гуногуни чой, шириниҳо, меваҳои хушк, туҳфаю армуғонҳо, либосҳои шарқиёна ва ғайраро харидорӣ намоед.