ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ «ДАРВОЗАҲОИ ҶАҲОНӢ» ДАР БРЮССЕЛ. Вазири нақлиёти ҶТ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳамияти густариши равобит бо кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, ҷалб намуд

2024-02-01 06:03:38

Нимаи дуюми рӯзи 29 январ дар Форуми сармоягузории робитаҳои устувори нақлиётӣ  миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ «Дарвозаи ҷаҳонӣ», ки дар Брюсселидома дорад, ҷаласаи канорӣ дар мавзӯи «Сармоягузорӣ ба инфрасохтори устувори нақлиётии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбари ҳайати Тоҷикистон, Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим суханронӣ кард.«Ҳамкории нақлиётӣ-логистикӣ унсури муҳими рушди муносибатҳои байнидавлатӣ ва робитаҳои байни минтақаҳои алоҳида мебошад. Ҳамкории зичтар дар соҳаи нақлиёт ва логистика ба тавсеаи имкониятҳои интиқоли борҳои транзитии мултимодалӣ тавассути хатсайри Транскаспий бо истифода аз иқтидори ҳамаи кишварҳои ин хатсайр мусоидат мекунад», - гуфт ӯ бо таамаркуз ба нақш ва аҳамияти бахши нақлиёт дар талошҳо барои ноил шудан ба ҳамбастагӣ ва рушди устувор. 
Азим Иброҳим таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба аҳамияти густариши робитаҳо бо кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, ҷалб намуд. Аз ин ҷиҳат, ба гуфтаи ӯ, рушди шабакаҳои нақлиётӣ ва инфрасохтор барои таъмини хатсайрҳои муассир ва боэътимод барои тиҷорат ва ҳаракати одамон муҳим аст. Вазир зарурияти ҷалби сармояро дар айни замон барои беҳтар кардани инфрасохтор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла сохтани хатҳои иловагӣ, долонҳои сабз, муҷаҳҳаз кардани онҳо бо сканнерҳо, ҷорӣ кардани унсурҳои рақамисозӣ ва «барчаспҳои интеллектуалӣ» дар нуқтаҳои гумрукӣ ва ғайра таъкид сохт.
Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба талошҳои Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ» бо таваҷҷӯҳ ба дигаргунсозии рақамӣ, робитаҳои нақлиётӣ ва лоиҳаҳои рушди «сабз» баҳои баланд медиҳад. Ташкили муколама дар доираи «Созишномаи сабзи Аврупо» ва фаъолсозии ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ оид ба ташаббусҳои «сабз» ояндадор аст. «Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон иқтидори бузурги транзитиро ба вуҷуд меорад.
Тавассути қаламрави кишвари мо дар доираи барномаҳои байналмилалии ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, ТРАСЕКА, роҳҳои аквтомобилгарди Осиё ва Созишномаи байналмилалии Аврупо дар бораи роҳҳо 10 гузаргоҳи транзитӣ муайян карда шудааст», -  гуфт Азим Иброҳим ва илова кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди гузаргоҳҳои нақлиётии мултимодалӣ, ки кишварҳои минтақаро бо Иттиҳоди Аврупо мепайвандад ва бандарҳои баҳрӣ мепайвандад, диққати махсус медиҳад. «Дар ин замина мо барои истифодаи самараноки долон и «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Туркия – Аврупо»  фаъолона кор карда истодаем, ки бартарии он таъмини кӯтоҳтарин масир аз сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути минтақаи мо ба кишварҳои Аврупо мебошад. Он инчунин ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад», - изҳори итминон намуд Вазир.
 Азим Иброҳим бар ин назар аст, ки таъмини рақобатпазирии системаи нақлиёт, истифодаи иқтидори транзитии кишвар, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди муносибатҳои бозорӣ «бо рушди логистика дар кишварҳои мо зич алоқаманд аст». Аз ин рӯ, бо мақсади густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва суръат бахшидан ба раванди ҳамгироии системаҳои миллии нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо гузаргоҳи байналмилалии Транскаспий, инчунин таъмини ҳаракати озоди одамон, молҳо ва хизматрасониҳо, Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба шарикони рушд ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод намуд, ки имконияти маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои марбут ба соҳаи нақлиёту логистикаро баррасӣ намоянд. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки дар лоиҳаҳои сохтмон ва навсозии иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва канори роҳ, алахусус дар гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётӣ  ширкат варзанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки солҳои наздик дар Тоҷикистон сохтмони якчанд маҷмааҳои логистикии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байнимиллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои сохтмони иншооти номбаршуда лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллари ИМА омода карда шудаанд. Илова бар ин, зиёда аз даҳ лоиҳа ба маблағи беш аз 5 миллиард доллари ИМА дар бахши  нақлиёти роҳи оҳан омода карда шудааст.
Роҳи оҳан дар қонеъ кардани талаботи хоҷагии халқ ва аҳолии кишвар нақши муҳим мебозад, зеро 70% борҳои воридотӣ ва содиротии кишвар бо ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин ба мавзӯъҳои истифодаи системаҳои устувори нақлиётӣ, мутобиқшавӣ ба тағйиребии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он дахл кард. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон барои рушди энергетикаи сабз иқтидори назаррас дорад. Кишвар гидроэнергетикаро фаъолона рушд дода, иқтидорҳои нави гидротехникӣ сохта, иқтидорҳои мавҷударо навсозӣ мекунад. Вазир ба ҳозирин иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ният дорад то соли 2032 бо истифода аз манбаъҳои «энергияи сабз» 100% нерӯи худро истеҳсол кунад ва партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2037 ба ҳадди ақал коҳиш диҳад. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Парлумони кишвар моҳи декабри соли гузашта таъкид доштанд, ки то соли 2037 Тоҷикистон «кишвари сабз» хоҳад шуд. Таваҷҷӯҳи муттасил ва пайваста  ба инфрасохтори устувори нақлиёт барои расидан ба ин ҳадаф муҳим аст», - гуфт ӯ ва илова кард, ки дар ин замина Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди нақлиёти барқиро барои солҳои 2023-2028 қабул кардааст, ки ҳадафи он баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, мутобиқшавӣ ба тағйиребии иқлим ва таъмини ҳифзи муҳити зист мебошад. 
«Набудани марказҳои хидматрасонӣ оид ба нигоҳдорӣ ва санҷиши техникии мошинҳо  тибқи талаботи стандартҳои Евро-5 Ва Евро-6, инчунин нигоҳдорӣ ва таъмири мошинҳои барқӣ барои интиқолдиҳандагони кишвари мо мушкилоти муайян эҷод мекунад, бинобарин беҳдошти вазъ дар ин самт маблағҳои иловагиро талаб мекунад», -  иброз дошт Вазири нақлиёти ҶТ.
 Дар робита ба ин, ӯ ба шарикони рушд муроҷиат кард, ки дар татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои дар боло зикршуда якҷоя иштирок кунанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо истифода аз имконият дар бораи  яке аз вазифаҳои асосии замони муосир – рақамисозӣ низ ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон ба рушди соҳаи нақлиёт бо дарназардошти имкониятҳои технологияҳои рақамӣ диққати махсус медиҳад. Соли 2019 Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазифаҳои дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 пешбинишуда қабул карда шуд. «Мо боварӣ дорем, ки таҳкими робитаҳои мо ҳамкориҳои байниминтақавиро ба таври назаррас густариш дода, самтҳои асосии ҳамкориҳои амалиро муайян мекунад, аз ҷумла ба наздикшавии инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон бо шабакаи нақлиётии Трансаврупоӣ мусоидат мекунад», -  гуфт дар хотима  Азим Иброҳим. 
 Едовар мешавем, ки Форуми дурӯзаи сармоягузории робитаҳои устувори нақлиётӣ  миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ» (Global Gateway investors Forum on sustainable transport connections between Europe & Central Asia), ки 29 январ дар пойтахти Белгия оғоз ефт, имрӯз  ба кори худ идома дод. Дар Форум ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сарварии Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев, муовини Раиси Девони вазирони Қирғизистон Бакит Торобаев, Вазирони нақлиети Қазоқистон Марат Карабаев, муовини Директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи Туркманистон Батыр Аннаев иштирок доранд.Дар Форум инчунин Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ҷозеф Боррел  низ ҳузур дорад.
                                                                                                                                                   
Бознашр аз сомонаи www.mintrans.tj