ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Дар шаҳри Бохтар хатсайри нави автобусҳо ба фаъолият оғоз намуд

2024-02-01 12:15:28 | Диданд: 359

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» хатсайри нави автобусӣ ташкил карда шуд, ки он аз бозори «Фаровон»- маҳаллаи Кайҳоннавардон то гардиши маҳаллаи «Хатлон»-ро дар бар мегирад.
 Дар ин бора  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар медиҳад.
Айни замон дар ин хатсайр ду автобус мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида фаъолият дорад.
 Аз хизматрасонии ин хатсайр меҳмонон ва сокинони маҳаллаҳои Кайҳоннавардон, Ҳоҷӣ Шариф, Ҷалолиддини Балхӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Борбад, Навобод ва қисман Хатлон истифода мебаранд.
Корхонаи «Бохтарнақлиётхизматрасон» тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик хатсайрҳои дохилишаҳрии бозори «Фаровон»-гардиши маҳаллаҳои Маданият, бозори «Фаровон» – маҳаллаи «Хатлон» ва хатсайри берун аз шаҳрии Бохтар-Левакант низ ташкил намояд.