ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Вазири нақлиёт аз рафти корҳои сохтмон ва таҷдиди қитъаҳои роҳ шинос шуд

2024-02-15 11:08:45 | Диданд: 383

12 феврал Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  аз рафти корҳои сохтмон ва таҷдиди қитъаҳои роҳи «Бохтар – Леваканд», «Леваканд – Лолазор» ва «Лолазор –Данғара» шинос шуд. Ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар майдони сохтмон  бо пудратчиёну ҳамоҳангсозон дар робита ба рафти корҳо суҳбат намуда, барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳо супориш доданд. Маврид ба зикр аст, ки  санги асос ба таҳкурсии сохтмон ва таҷдиди қитъаҳои роҳи «Бохтар – Леваканд», «Леваканд – Лолазор» ва «Лолазор – Данғара» – и роҳи байналмилалии «Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма», 25 апрели соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.  Сохтмон ва таҷдиди ин се қитъаи роҳ аз 3 марҳила иборат аст.
                                                                                                                                                    Акс аз сомонаи 
www.mintrans.tj