Рушди ҳамкориҳо
2024-02-29 12:02:46
29-уми
феврали соли 2024-ум дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Муассисаи давлатии «Нақлиёти
автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» бо
намояндагони ширкати CERTSIGN S.A – и Ҷумҳурии Руминия баргузор гардид. Ҷонибҳо зимни дидор дар робита ба истифодаи
корти тахографи рақамӣ, баҳодиҳии
системаи тахографи рақамӣ ва доир ба ҳалли
мушкилоти ҷойдошта табодули афкор намуданд.
Тарафҳо изҳори ҳавасманди намуданд, ки омодаанд дар дигар самтҳои
бахши нақлиёт ҳамкорӣ намоянд. Дар фарҷом шартномаи
ҳамкорӣ байни ширкати руминиягии CERTSIGN S.A. ва Муассисаи давлатии «Нақлиёти
автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» то соли 2026 –ум тамдид карда шуд. Интизор
меравад, ки 1.03.2024 дар Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муассиса
семинари омӯзишӣ оид ба «Самтҳои рушди истифодаи тахографи рақамӣ» бо иштироки
намояндагони сохторҳои дахлдор баргузор гардад.