ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар семоҳаи аввали соли 2024

2024-04-12 04:28:26

08.04.2024 . Дар Маркази бозомӯзи ва такмили ихтисоси МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти  МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар се моҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда бо иштироки муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа Саидмуродзода Шоиста, директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Саломзода Раҳмиддин, муовинон, сардорони раёсат, шуъбаҳо ва дигар кормандони муассиса баргузор гардид.
Дар кори маҷлис, маълумот оид ба иҷрои нақшаҳои нишондиҳандаҳои асосии оморӣ, иҷроиши нақшаи даромади молиявӣ, рафти вобастакунӣ ва шиносномакунии хатсайрҳо бо забони давлатӣ, ташкил ва гузаронидани дарсҳои 20-соатаи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон, рақамикунонии  хизматрасонии нақлиётӣ, муомилоти варақаҳои роҳхату борхат ва коргарди электронии онҳо, рафти омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассиса мавриди таҳлилу барраси қарор дода шуд. Маълумот дода шуд, ки МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» мутобиқи нақшаи корӣ ҷиҳати вусъат бахшидани раванди рақамикунонии варақаҳои роҳхат ва борхат, беҳтар намудани ҳисоботи омории нишондиҳандаҳои асосии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, омӯзиши дарсҳои 20 - соатаи Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, одоби муошират бо мусофирон ва ҳалли дигар масъалаҳои ҷойдошта дар минтақаҳои ҷумҳурӣ  гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби роҳбарият, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дахлдор таъсиси дода, дар ин самт корҳои назаррасеро анҷом додааст. Аз ҷумла баҳри тақвият додани фаъолияти корхона ва муассисаҳои нақлиётӣ гуруҳи корӣ ба ҶДММ “Рӯзафзун”, ҶДММ “Хизматрасонии нақлиётии Фирӯз”, ҶДММ “Регар Нақлиёт”, ККВД “Автобус - 2”, ҶДММ “Сомон сайр такси”, ҶСК “Корпоратсияи мусофирбар”, ҶДММ “Бидурд”, ҶДММ “Восток - 1”, ҶДММ “Мавлоно”, ҶДММ “Хизматрасонии - 11”, ҶДММ “Қурғонтеппа Нақлиёт”, ҶДММ “Саид Абдуҷаббор”, ҶДММ “Билол”, ҶДММ “Иброҳими Сайпир”, ҶСК “Сайёр”, ҶДММ “Чарх” ва  ҶДММ “АРЗ - 4” ташриф оварда бо роҳбарону кормандони ин корхонаҳо корҳои ташвиқотӣ анҷом додаанд.
 Дар натиҷаи андешидани чораҳои мақсаднок, ҳисоботҳои омории нишондиҳандаҳои асосӣ нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта аз 112,7 % то 118,6 % таъмин карда шуда, фарогирии варақаҳои роҳхат нисбат ба соли гузашта, 107,0 % - ро ташкил дод. Тадбирҳои андешидашуда собит намуданд, ки аз 54573 адад воситаи нақлиёти дар иқтисодиёт фаъолияткунанда 41900 ҳазор адади он ба варақаи роҳхату борхат фаро гирифта шудаанд.
  Аз он ҷумла, 11714 адад воситаҳои нақлиёти автомобилии корхонаҳои ғайринақлиётӣ бо варақаи роҳхату борхат фаро гирифта шуда, натиҷаи фаъолияти онҳо ба ҳисоботи оморӣ ворид карда шудаанд.
МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии босифат дар хатсайрҳои мусофирбарии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ тибқи тартиби муқараргардида, ташкил ва гузаронидани озмунро ба роҳ монда, аз ҷониби комиссияи доимоамалкунанда 6 маротиба роҳҳои автомобилгарди кишвар мавриди муоина қарор гирифта, дар 2 хатсайри мусофирбарӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
 Дар се моҳи аваали соли ҷорӣ тибқи барномаи таълимӣ 3202 ронанда  ба дарсҳои 20 соатаи омўзиши қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва одоби муошират бо мусофирон фаро гирифта шудаанд, ки шумораи онҳо дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 669 нафар зиёд аст.
Муассиса дар нимсолаи  аввали 2024 ба нақша гирифтааст, ки омӯзиши дарсҳои 20 соатаи “Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ”-ро барои ронандагони автомобилҳои боркаш низ ба роҳ монад.
Корҳо дар самти иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2028, бо маром идома дорад. Дар соли 2024 ба интиқолдиҳандагони байналмилалии ватанӣ барои таъмини ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ дар қатори дигар ҳуҷҷатҳо ба миқдори 2447 баста борхати байналмилалӣ (CMR) дода шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 106 адад зиёд мебошад. Таъмини роҳхати боркашонии байналмиллалии 5Б - БМ дар се моҳи аввали соли 2024-ум 3335 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (2853 адад) 482 адад зиёд мебошад.
Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа Саидмуродзода Шоиста дар робита ба фаъолияти босамари МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» сухан гуфта, изҳор дошт, ки моро зарур аст ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди соҳаи роҳ ва нақлиёт боз ҳам бештар талош варзем.